Бо фаро расидани фасли тирамоҳ бо сабаби сардӣ ва хушкии аз ҳад зиёди ҳаво пӯсти инсон намнокияшро босуръат аз даст медиҳад. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолат аз малҳамҳои нармкунандае истифода бурдан лозим аст, ки дар таркибашон моддаҳои ғизобахш дошта бошанд. Бар замми ин, чанд қоидаву дастурҳои зеринро риоя намуда, дар тирамоҳ зебоиву саломатиро аз даст надиҳед:
1. Як қоидаро барои худ одат кунед: дарҳол баъди ба рӯятон молидани малҳам ба кӯча набароед. Малҳам бояд дар пӯсти рӯй ҷабида шавад.
2. Дар сурати сард шудани ҳаво ба сар рӯймол ва ба дастон дастпӯшак пӯшидан лозим аст. Агар дастони худро дар гармӣ нигоҳ доред, пӯсташ дағал намегардад.
3. Баъди ҳар дафъаи дастшӯӣ ба пӯсти даст равғани махсус ё малҳам барои дастро молед. Қабл аз молидани малҳам дастро пурра нашуконед. Бигзор пӯст каме тар бошад, он гоҳ малҳам намиро хубтар нигоҳ медорад.
4. Дар фасли тирамоҳ пӯсти лаб низ зуд-зуд хушк мегардад. Аз балзамҳои махсус истифода бурда, пайваста онро ҳамроҳ гардонед. Дар рӯзҳои шамолдори тирамоҳӣ пӯсти лаб ба ғизои иловагӣ ниёз дорад.
5. Баъди рӯзи вазнини корӣ пойҳо низ ба нигоҳубини иловагӣ ниёз доранд. Дар тағорача оби гарм гирифта, чанд қатра равғани эфир чаконида, поятонро дар он нигоҳ доред.