Абдуллоҳ ибни Аббос (р) нақл мекунад, ки рӯзе ҳамроҳи Расули Худо (с) чорпоя нишаста будам, ки ба ман чанд насиҳат карданд:
1.Ту ҳаққи Худовандро муҳофизат кун, Аллоҳ Таъоло туро муҳофизат мекунад. Агар ҳаққи Худовандро ҳифозат кунӣ, ҳамеша ӯро дар пеши рӯи худ меёбӣ.
2. Ҳар гоҳ чизе мехоҳӣ, танҳо аз Худованд бихоҳ.
3.Вақте муҳтоҷи мадад шудӣ, танҳо аз Худованд мадад талаб кун.
4.Агар тамоми мардум ҷамъ шаванд, ки бихоҳанд бар ту нафъ бирасонанд, ғайр аз он ки Аллоҳ Таъоло ба ту муқаддар карда аст, ҳеҷ кас нафъе расонида наметавонад.
5. Агар тамоми мардум ҷамъ шаванд, ки бихоҳанд ба ту зарар бирасонанд, ба ҷуз он чизе, ки Худованд тақдир кардааст, нуқсоне расонида наметавонанд.
Матлаб аз насиҳати якум ин аст, ки муъмин бояд тибқи фармудаи Худованд ва суннати Паёмбар (с) зиндагӣ кунад, яъне дар намоз, рӯза, закот, хайроту садақот, ахлоқ, суханронӣ ва муошират ба аҳкоми илоҳӣ ва суннати Расули Акрам (с) пойбанд бошад. Дар чунин ҳолат Худованд ӯро аз ҳар гуна машаққату парешонии дунё ва охират ҳифз мекунад. Вақте бандаи муъмин ҳаққи Худовандро риоя намуда шариатро посдорӣ кунад, ҳамеша Худовандро дар пеши рӯйи худ ҳозир меёбад. Чун Худованд ҳамеша бо ту бошад, зарурату эҳтиёҷ ба каси дигаре боқӣ намемонад. Дар ин сурат аз махлуқ на умеду тамаъ дорӣ ва на хавфу тарс.
Насиҳати дуюми Расули Худо (с) ин буд, ки «танҳо аз Худо бихоҳ». Баҳри лутфу карами Худованд чунон васеъ аст, ки ақли инсон ҳайрон мемонад. Агар Худованд мутобиқи хоҳишу орзуи ҳар кас бидиҳад, аз хазонаи илоҳӣ заррае кам намешавад.
Ва он шахси сарватманд ҳам хушнасиб аст, ки ту дар ин ҷо аз Худованд мехоҳӣ ва дар он ҷо Аллоҳ Таъоло дар дили ӯ меандозад ва ӯ беқарор шуда, чизе бароят хайру эҳсон ё ҳадя мекунад. Чун ту молаш (ҳадя, садақа, закот)-ашро бо шукрона қабул намоӣ, ӯ хурсанд мешавад. Ба ин восита ту ҳам барои шукргузориат мақбули даргоҳи илоҳӣ мешавӣ, моли ӯ низ дар боргоҳи Худованд дараҷаи қабулият пайдо мекунад. Ту тақво парҳезкорӣ, худотарсӣ) ихтиёр намудӣ, моли ӯ низ ба дасти як парҳезкор (яъне, ту) расид.
Расули Худо (с) фармудаанд: «Шумо ба ғайр аз муъмин касеро дӯсти худ масозед ва кӯшиш кунед, ки ғизои шуморо ба ҷуз муттақӣ (парҳезкор) шахси дигар нахӯрад». Аз ин рӯ дӯсти комил интихоб кардан зарур аст ва меҳмони шумо ҳам бояд муттақӣ бошанд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар насиҳати сеюмашон ба Абдуллоҳ ибни Аббос (р) бо ин мазмун фармуданд: «Ҳар гоҳ ту ба як мусибату мушкилие дучор шудӣ, дар чунин ҳолат мададкунандаи ту сирф Аллоҳ Таъоло мебошад. Аз ҳамин сабаб танҳо ба ӯ муноҷот кун ва аз ӯ мадад бихоҳ!»
Он ҳазрат (с) дар насиҳати чорумашон фармуданд: «Агар тамоми махлуқоти дунё ҷамъ шаванд ва бихоҳанд, ки ба ту нафъе бирасонанд, ба андозаи як танга ҳам фоида расонда наметавонанд. Ғайр аз он чизе ки Аллоҳ Таъоло дар тақдири ту навиштааст». Бинобар ин аз мардум зиёд умед макун. Он чӣ аз меҳнати худ ҳосил мекунӣ ва дар тақдири ту аст, ба ту мерасад. Бояд ҳамеша ёди Худованд дар дилат ғолиб бошад.
Расули Акрам (с) дар насиҳати панҷумашон чунин гуфтанд: «Агар тамоми инсонҳои рӯи замин ба ин кор муттафиқ шаванд, ки ба ту нуқсоне расонанд, ба андозаи заррае ҳам ба ту зарар расонида наметавонанд». Ғайр аз он чизе, ки дар тақдират бошад.
Аз ҳамин сабаб тамоми таваккал ва эътимодатро ба Худованд дошта бош ва ҳар чизе мехоҳӣ танҳо аз ӯ бихоҳ!