Қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сокинони кишварамон имкон додааст, ки зиёда аз 5 миллиард сомонӣ маблағ ва дигар дороиҳои худро бо роҳи қонунӣ лигализатсия намуда, ба расмият дароранд.
Дар ин бора Раиси Бонки миллиии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода гуфтааст:
“Аз моҳи августи соли 2021 то декабри соли 2023 ҳудуди 5,7 миллиард сомонӣ маблағ ва дигар дороиҳои сокинони Тоҷикистон қонунӣ гардонида шуданд, ки тахминан ба 520 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад.”
Сокинони кишвар қисме аз маблағҳои худро баъди қонунӣ гардонидан дар бонкҳо гузошта, қисми дигар бо мақсади сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун истифода шудааст.
Қонуни мазкур аз 5-июли соли 2021 амал намуда, ба шаҳрвандони Ҷумҳуриии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба таври ихтиёрӣ маблағҳои пулӣ ва дигар сарвату дороиҳои худро қонунӣ гардонанд. Шахсоне, ки ба таври ихтиёрӣ дороиҳои худро декларатсия карда, қонунӣ мегардонанд, аз ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ ва супурдани ҷарима ва андоз барои маблағ ва дороиҳояшон ба таври автоматӣ озод карда мешаванд.