Зимистон бо барф зебосту зан бо кокулони ғафсу марғуладораш. Аммо ҳар гуна зебоӣ талош ва ғамхорӣ мехоҳад. Ҳангоми зимистон нигоҳубини дурусти мӯйҳо махсусан муҳим аст. Барои он ки бо таъсири ҳавои сард мӯйи сари шумо ба рехтан сар накунад, чанд маслиҳати муфидро пешкашатон месозем.
1. Барои нигоҳ доштани зебоии мӯйҳо сарро дуруст шустан лозим. Шампуни интихобкардаатон бояд ҳам самаранок ва ҳам нарм бошад.
2. Ҳангоми шустани сар ба ҳарорати об диққат диҳед: аз оби хеле гарм ё баръакс хунук, ҳамчунин аз пасту баланд шудани ҳарорат эҳтиёт шавед.
3. Барои ғизо додан ва нарм кардани пӯсти сар ва мӯйҳо истифодаи ниқобҳо, малҳамҳо ва кондитсионерҳо тавсия дода мешавад. Шумо метавонед аз маҳсулоти табиӣ ва худсохт низ истифода баред.
4. Аз асбобҳои гармидиҳӣ, ба монанди фен ё плойка истифода мебурда бошед, маводҳои муҳофизатӣ молидан ҳатмист. Ин маводҳо мӯйҳоро аз хушкшавӣ ва осеб нигоҳ медоранд.
5. Дар ҳавои сард ба берун танҳо бо кӯлоҳҳои пашмӣ бароед ва ҳеҷ гоҳ бо мӯйҳои нам ба кӯча наравед, зеро ин боиси зарари ҷиддӣ дидани сар ва мӯйҳо мегардад.