Варзиш барои занону духтарон на танҳо воситаи нигоҳ доштани зебоии зоҳирӣ аст, балки омили муҳим барои саломатии ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Варзиш ба онҳо кумак мекунад, ки фаъол, пур аз энергия ва болидаруҳ бошанд.
Фоидаҳои асосии варзиш ба занон
Танзими вазни бадан
Варзиш равғанҳои зиёдатиро месӯзонад ва шуморо аз мушкили фарбеҳӣ наҷот дода, вазнатонро дар ҳолати муътадил нигоҳ медорад.
Қавӣ шудани мушакҳо ва устухонҳо
Машғул шудан бо варзиш ба пешгирии сустшавии мушакҳо кумак мекунад.
Беҳтар шудани саломатии дилу рагҳо
Варзиш, махсусан машқҳои аэробика, давидан ва велосипедронӣ кори дилро беҳтар месозанд.
Кам кардани стресс ва депрессия
Варзиш касро аз ҳолати яъсу навмедӣ ва депрессия мебарорад, чунки ҳангоми машғул шудан бо варзиш гормонҳои хушбахтӣ (эндорфин) ҷудо мешаванд.
Боло бурдани худбоварӣ ва худшиносӣ
Заноне, ки машқ мекунанд, худро зеботар ва неруманд эҳсос мекунанд.
Чиро бояд дар хотир дошт?
Пеш аз оғози варзиш бо духтур ё мутахассиси тиб маслиҳат кунед.
Либоси мувофиқ ва пойафзоли варзишӣ пӯшед.
Ҳангоми машқ кардан об нӯшед.
Баъд аз машқ истироҳатро фаромӯш накунед.