Sebiston new 2024 october
5-ғалати занон дар ороиши идонаи худ
1201



Сарфи назар аз синну солаш ҳар як зан мехоҳад ҷавон, зебо ва дилкаш намояд, махсусан дар рӯзҳои ид ва ҷашн.

Аммо баъзан барои зебоӣ аз ҳад зиёд талош намуда, ба ҷойи ботароват ва зеботар гаштан занон бо рангубори зиёд чеҳраи худро баръакс пажмурдатар месозанд. Барои он ки шумо ба чунин хатогиҳо роҳ надиҳед, имрӯз дар бораи 5-ғалати маъмулии занон дар ороиши худ маълумот медиҳем.

Бонувон дар миёнасолӣ кӯшиши аз сину соли худ ҷавонтар намуда, аз тамоми воситаву усулҳои косметикӣ истифода мебаранд. Дар баъзе занҳо чунин фикр баъди 40- солагӣ, дар баъзеашон баъди 30- солагӣ ба вуҷуд меояд. Зан бояд бошарафона синни худро ба калла гирифта, ниқобпӯшӣ накунад, балки бо истифода аз каме маводҳои косметикӣ зебогии худро нишон диҳад. Агар дар мӯятон сафедӣ пайдо шуда бошад, ранги махсусеро барои мӯй истифода баред. Ожангҳои худро ҳамеша бо ёрии воситаҳои косметикии махсус пинҳон кунед ва ба усули ҷарроҳӣ рӯ наоред. Баъзе занҳо чунин меҳисобанд, ки ожангҳои андаке аён онҳоро зебо мегардонад.

Интихоби нодурусти малҳами нармкунанда (увлажняющий) Баъди 30- солагӣ бояд дар ҳар як зан истифодаи малҳамҳои нармкунанда одат шавад. Ҳуҷайраҳои пӯст, ба монанди худамон, бо гузашти солҳо пир мешаванд. Ба хотири зеботару ҷавонтар намудан мо малҳаму мушкобҳои қимат мехарем, чунки фикр мекунем, ки воситаҳои косметикӣ ҳар қадаре қимат бошад, ҳамон қадар пуртаъсир мешаванд. Аммо чӣ тавре, ки таҷриба нишон медиҳад, ин ақида на ҳамеша ба ҳақиқат рост меояд. Дар Фаронса аз 28 зан хоҳиш карда шуд, ки бонавбат 12 малҳами маъмули нармкунандаро истифода баранд. Дар натиҷа ҷои дуюмро аз ҷиҳати самаранокӣ малҳами на он қадар қимат аз ширкати Nivea гирифт.
Пеш аз он, ки шумо воситаи нармкунандаи беҳтаринро интихоб намоед, якчандтояшро харида истифода баред. Дар бораи тафтиш кардани мӯҳлати истифодабарии малҳам фаромӯш накунед.
Аз ҳад зиёд пардоз кардани рӯй
Яке аз ғалатҳои асосӣ дар рангубори рӯй – ин аз ҳад зиёд молидани пардозҳои косметикӣ аст. Пӯсти ҷавон ба ин тоб оварда метавонад, вале барои пӯсти бонуи калонсол зарар меорад. Аз рӯи қоидаи рангубор кӯшиши зебогардониро танҳо ба ягон қисми рӯй равона созед. Агар шумо чашмони зебо дошта бошед, ба пардози бештари чашм диққат диҳед. Хати норавшани лабро бо қалами махсус тасҳеҳ (коррекция) кардан мумкин аст. Рангубори ҳақиқӣ бояд зебогии чеҳраи шуморо нишон диҳад ва равшани баланд набошад. Истифода намудани аз ҳад зиёди малҳаму пардозҳои косметикӣ шуморо аз сину солатон калонтар нишон медиҳад.
Сурх кардани лабҳо
Лабҳо на камтар аз чашм ва абрӯвон нигоҳубинро талаб мекунанд. Агар дар атрофи лабони шумо ожангҳо пайдо шуда бошанд, бо эҳтиёт аз қалами контурӣ истифода баред. Қалами мазкур лабҳоро зеботар мегардонад, махсусан агар ба шумо лабсурхкунаки ҷилояш хира маъқул бошад. Кӯшиш намоед, ки ранги қалами контурӣ нисбат аз лабсурхкунаки шумо ё ранги табиии лабони шумо хиратар набошад. Тасаввур кунед, ки агар лабсурхкунак аз лабони шумо тоза шавад, хати кашидаи он бошад, боқӣ монад. Ба ҷои лабсурхкунакҳои равшану ҷилодиҳанда беҳтараш нимранги нозук ва гарм истифода баред.
“Косметика”-и худро нав кунед
Баъди 40- солагӣ зан бояд рангубори худро дигар кунад, чунки пӯст тағйир меёбад – дар он ожангҳо ва доғҳои пигментӣ пайдо мешаванд. Ба ҷои сиёҳии тобишаш «вазнин» ва ҷилодиҳанда беҳтараш нозуку табииро истифода баред. Ба чашм ба ҷои қалами сиёҳи ғафс хоккистарангу қаҳварангро истифода баред.
Албатта, ҳамаи ин маслиҳатҳо то як дараҷа шартианд – занҳое ҳастанд, ки ҳатто баъди 40- солагӣ пӯсташон дар ҳолати хеле хуб аст ва онҳо метавонанд рангубори равшан кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД