arzon replenishment
4 таъриф аз чор таҳлилгар оид ба саводнокии молиявӣ
867

Омӯзиш ва тадқиқотҳо марбут ба саводнокии молиявии аҳолӣ дар кишвари мо начандон зиёд буда, таваҷҷуҳ ба ин масъала вақтҳои охир бештар шуда истодааст.

Иқтисоддони тоҷик Умедҷон Ҳикматов атрофи ин мавзуъ дар як воситаи таълимӣ назарҳои таҳлилгаронро гирд овардааст, ки дар ин миён шарҳҳои чор нафар таҳлилгар лоиқи донистан ва мулоҳизаанд.

1. Бернард Луис Виттон аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии иҷтимоӣ-молиявӣ саводнокии молиявиро ҳамчун «хонда тавонистан, таҳлил кардан, идора кардан ва ҷудо намудани шартҳои молиявие, ки ба беҳбудии моддӣ таъсир мерасонанд», муайян менамояд.

2. Ба андешаи соҳибкори амрикоӣ Роберт Кийосаки, “саводнокии молиявӣ таҳкурсие мебошад, ки дар он ҳамаи ҳаёти минбаъдаи одамон сохта мешавад: ин маърифати молиявӣ, зиракӣ, қобилияти дар мадди аввал пасандоз карда тавонистани маблағҳои бадастовардашуда (коркардашуда) ва баъдан зиёд намудани онҳо ва бо роҳи дуруст маблағгузорӣ намудан аст. Маърифати молиявӣ ба шахс омода будан ба қабули имкониятҳои нав ва аз дигаргуниву тағйирот наҳаросиданро меомӯзонад”.

3. Тавре таҳлилгари рус Стахович Людмила Валентиновна мегӯяд, “саводнокии молиявӣ - ин маҷмӯи қобилиятҳоест, ки дар рафти таҳсилоти молиявӣ дар мактаб ва ё дар мактаби олӣ гирифта шуда, дар рафти ҳаёт азхуд карда шуда, дар амал санҷида мешаванд”.

4. Ба гуфтаи иқтисоддон Сушко Екатерина Юревна, “саводнокии молиявии аҳолӣ маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ - фарҳангӣ дар бораи молия, дониш ва малакаҳои молиявӣ ба шумор меравад, ки модели рафтори аҳолиро ҳангоми қабули қарорҳои дорои хусусияти молиявӣ ба беҳтар кардани некуаҳволии молиявии онҳо равона менамояд”.

Тавре мушоҳида мешавад, қариб дар ҳамаи таърифҳо муаллифон пеш аз ҳама донишу малакаи идоракунии маблағҳои пулиро, ки имконияти бехатарии молиявии шахсиро таъмин менамоянд ва масъулият оид ба қабули қарорҳои молиявиро зикр намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД