formula feb 2025
4-сирри таъмир, ки хонаи шуморо хеле зебо месозад
554

 

Бо оғози фасли баҳор аксари одамон дар фикри таъмир намудани манзили худ меафтанд. Албатта таъмири хона хуб аст, зеро бо ин роҳ шумо манзили худро аз ифлосиҳое, ки дар давраи тирамоҳу зимистон пайдо шудаанд, тоза мекунед ва ба муҳити зистатон шаклу намуди нав мебахшед. Хонаи нав таъмиршуда рӯҳияи касро низ дигаргун намуда, ба аҳли оила ҳисси шодию фараҳ мебахшад, вале вақти таъмир баъзе нозукиҳоро ба назар гирифтан лозим аст.

 Интихоби ранг

Чизе,ки дар таъмир аз ҳама муҳимтар аст, ин интихоби ранг аст. Рангҳо тира ва равшан мешаванд. Рангҳои тира ба монанди кабуд, сурхчатоб, хокистарӣ фазои хонаро танг нишон медиҳанд, рангҳои равшан аз қабили сафед,сабз ва гулобӣ баръакс манзили шуморо аз будаш васеътар нишон медиҳанд. Ба шахсоне,ки хонаашон чандон васеъ нест, тавсия дода мешавад, ки ҳангоми таъмир рангҳои равшан ё зардевориҳои рангашон равшанро интихоб намоянд.

Фаромӯш накунед, ки рангҳо дар як хона бояд бо ҳам мувофиқ бошанд. Хонаи таъмир мекардаатон хурд бошад, як рангро интихоб кунед.

 Нурҳои табиӣ

Дар таъмири хона нурҳои табииро низ бояд ба назар гирифт, зеро баъзе хонаҳо аз ҳисоби нурҳои табии офтоб, ки ба хона мерасанд, равшан ва барҳаво ҳастанд, вале ба бархе аз хонаҳо нури офтоб чандон намерасад.

Хонаи шумо бо нурҳои табиӣ бой ва равшан бошад, метавонед барои рангубор карданаш рангҳои торикро интихоб кунед. Аммо ҳангоми таъмири хонае, ки ба он чандон нури офтоб намерасад ва муҳиташ тиранамо аст, аз рангҳои равшан истифода бурдан беҳтар аст. Рангҳои равшан хонаро равшантар месозанд.

 Ранги мебелро ба назар гиред

Ҳаноми таъмири хона ранги мебелҳоеро, ки дар он ҷо карданӣ ҳестед,бояд ба назар гиред. Услуби сохти мебел ва ранги он бояд ҳатман ба ранги девор ё зардевориҳо мувофиқат намояд. Барои хонаҳои муосири баландошёна рангҳои минималӣ ва нейтралиро истифода бурдан беҳтар аст.

 Тақсимоти хати равшанӣ

Барои он ки хонаи шумо пас аз таъмир боз ҳам зеботар ва пуршукӯҳ ба назар расад, ба ҷойи лампочкаҳои оддӣ аз чароғакҳои махсуси ранга истифода баред. Нури ин чароғакҳоро тавассути хати амудӣ ё уфуқӣ ба девор равона кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат хона ба назар бошукӯҳ менамояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД