arzon replenishment
4 шарти асосии аз “Реестри шахсони назоратшаванда” баровардани муҳоҷирон
981

Салом! Шунидам, ки Русия аз моҳи феврал муҳоҷирони номашон ба реестри шахсони назораташаванда афтидаро аз қаламрави кишвараш ихроҷ мекардааст. Мегуфтед, ки ин чӣ гуна реестр аст, дар кадом ҳолат номи муҳоҷир ба он ворид карда мешавад ва бо кадом шартҳо аз реестр бароварда мешавад?

САМАРИДДИН

Посух:

- Реестри мазкур барои амалисозии низоми берункунии муҳоҷирон роҳандозӣ шуда, ба он маълумотҳои зарурӣ дар бораи шаҳрвандони хоиҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия зисту зиндагӣ ва кор карда истодаанд, ворид карда шудааст. Реестри мазкур дар истифодаи озоди интернетӣ қарор дошта, ройгон пешниҳод мегардад. Маълумотро дар ин реестр доир ба шаҳрванди хориҷӣ ҳар нафари дилхоҳ: корфармо, иҷорадеҳ, шахси издивоҷкунандае, ки ба СҲАШ (ЗАГС) муроҷиат намудааст, метавонад дарёб кунад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар реестр қайд шудаанд, ӯҳдадоранд:

1. Бо даъвати ВКХ Россия барои пешниҳоди иттилоот ҳозир шаванд.  

2. Қонуну қоидаҳои нисбати онҳо дида баромадаро риоя намоянд, аз ҷумла, риояи қоидаи ворид ва беруншавӣ аз ФР.  

3. Ба ВКД ФР оид ба ҷойгиршавиашон, сабабҳои сари вақт аз қаламрави ФР баромада нарафтанашон хабар диҳанд.  

4. Оид ба иваз намудани макони зиндагиашон, ки амри зарурӣ бошад, хабардор намоянд.  

Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои зикршуда, зиёда аз ду маротиба, шаҳрванди хориҷӣ ё аз қаламрави давлат берун карда мешавад, ё дар муассисаи махсус то рӯзи хориҷкунӣ аз кишвар нигоҳ дошта мешавад. Муҳлати нигоҳдорӣ дар муассисаҳои махсус 48 соатро дар бар мегирад.

Воридсозӣ дар реестр ба шаҳрванди хориҷӣ чӣ оқибат дорад:

Ба реестри нафарони идорашаванда ворид гаштани муҳоҷирон ҳуқуқҳои онҳоро дар қаламрави ФР хеле зиёд маҳдуд мекунад, ки шаҳрванди хорҷӣ як қатор корҳоро дар ин кишвар иҷро карданаш маҳдуд мегардад. Мисол:

1. Бақайдгирии ширкат ва ё соҳибкории инфордӣ

2. Харидории амволи ғайриманқул ва манқул (автомашина).  

3. Кушодани суратҳисоби бонкӣ. Ба истиснои интиқоли пардохтҳои зарурӣ ва гирифтани 30 ҳазор рубли русӣ барои зарурати шахсӣ.  

4. Бастани ақди никоҳ.

5. Ҳаракат дар қаламрави ФР. Шахсони ба реестр воридшуда, ҳуқуқи иваз кардани ҷои зист, ё баромадан аз субъекти ФР бе иҷозатномаи махсус надорад.  

Асосҳои аз реест баровардани муҳоҷирон  

Аз реест танҳо дар ҳолати зерин имкон дорад:  

1. Шаҳрванди хориҷӣ қаламрави ФР-ро тарк кунад.  

2.Шаҳварнди хориҷӣ барои будубош дар ФР асоси қонунӣ пайдо намояд.  

3. Қарори воридсозӣ ба реестр аз ҷониби суд қайриқонунӣ бароварда, бекор карда шавад.  

4. Шаҳрванди хориҷӣ фавтида бошад, ё фавтида эълон гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД