Тавсияҳои муфид барои нигоҳ доштани саломатӣ дар охири зимистон ва аввали баҳор
Одамон дар фасли зимистон ва аввали баҳор бештар гирифтори грипп, яъне зуком мегарданд. Барои пешгирии ин беморӣ имрӯз мо ба шумо дар бораи сабабҳои асосии зуд-зуд ба зуком гирифтор
гаштани инсон маълумот медиҳем.
Шиддати сардӣ
Ҳавои хунук ба системаи иммунии бадан таъсир мерасонад ва дар натиҷа одамон ба осонӣ ба бемориҳои вирусӣ гирифтор мешаванд.
Бештар дар дохили биноҳо қарор доштан
Вақте ки ҳаво хунук мешавад, одамон аксар вақт дар биноҳои пӯшида бо дигарон қарор мегиранд. Дар ин ҳолат интиқол ёфтани вирусҳои барангезандаи зуком аз як шахс ба шахси дигар зиёд мешавад.
Кам шудани витамини D
Дар фасли зимистон рӯзҳои офтобӣ камтаранд ва одамон аксаран ба миқдори кофӣ витамини D намегиранд, ҳол он ки ин витамин барои нигоҳ доштани системаи иммунии солим хеле зарур мебошад.
Хастагии зиёд
Дар фасли зимистон одамон нисбат ба дигар фаслҳои сол зудтар хаста мешаванд. Ин омил боиси ба осонӣ сироят ёфтан мегардад ва маҳз бо ҳамин сабаб шумораи шахсони гирифтори зуком ва дигар касалиҳои сироятӣ дар айёми сармо меафзояд.
Оиша ШИРИНОВА