Шумо тасмим гирифтаед, ки ба намуди зоҳирии худ ғамхорӣ кунед, аммо ба тактикаи интихобшуда шубҳа доред?
Мо дар ин кор ба шумо ёрӣ расонида, чанд маслиҳати муфидро пешкашатон мегардонем.
1. Пӯстатонро тоза кунед!
Ҳафтае хонаро покиза насозем, рӯи ашёҳо чангу ғубори зиёд мешинад. Пӯсти инсон низ ғубор мегирад ва моҳе як маротиба ба поксозӣ ниёз дорад. Усулҳои зиёди поксозӣ ва ҷавонгардонии пӯсти рӯй мавҷуданд, нотарсона аз ин усулҳо истифода баред.
2. Аз доғҳо зудтар халос шавед!
Пайдоиши доғ ва лаккаҳои сиёҳ дар пӯсти рӯй ҳусни занро коҳиш медиҳад. Мабодо шумо низ чунин мушкил дошта бошед, кӯшиш кунед, ки ҳарчи зудтар аз доғу лакка ва дигар норасоиҳои пӯст раҳоӣ ёбед. Барои табобати доғҳои рӯй аз витаминҳои зиёди табиӣ, ки аз пептиду аминокислотаҳо ғанианд, истифода бурдан мумкин аст.
3. Ба ҳуснатон ҳусни тоза зам намоед
Дар замони муосир косметология хеле пеш рафтааст ва бо ёрии усулҳои нав ҳар як зан метавонад ба ҳусни табии худ ҳусни тоза зам намояд. Барои халосӣ аз мӯйҳои зиёдати дар рӯятон метавонед усулҳои эпилятсияи лазерӣ (рафъи мӯйҳо) барои бартарафсозии чарбуҳои зери пӯст липолитик, барои халосӣ аз нараку гармича табобати акне, барои тозакунии амиқи пӯст пилинги карбонӣ, баҳри нест кардани холкӯбиҳо усули рафъкунии перманент ва биоревитализатсияро истифода баред, ки муолиҷаи зерипӯстӣ буда, ожангҳои рӯйро ҳамвор месозад ва ба пӯсти шумо таровати таза мебахшад.
4. Ба пӯстатон витамин диҳед!
Дар натиҷаи кам ҳосил гардидани сафедаҳои эластин ва коллаген шахс зуд пир мешавад. Аз ин рӯ, бо витаминҳо ғанӣ гардондани пӯст ҳатмист