formula55
4 қоидаи зебоӣ дар тирамоҳ
929

 

Бо вуҷуди он ки танҳо дар қисмати дуюми фасли тирамоҳ ҳаво сард мешавад, мушкилоти пӯсти рӯй аллакай дар моҳҳои аввалини ин фасли хазонрез пайдо мешавад.

Баъд аз анҷом ёфтани тобистони гарм пӯсти рӯй хушк шуда, ниёз ба барқароршавӣ дорад. Пӯсти рӯй хеле ҳасос гашта, ба камтарин тағйироти боду ҳаво ҳасос мегардад.

Барои он ки ҳассосияти пӯст камтар шавад, малҳаму кремҳои косметикиро хеле дақиқкорона интихоб кардан лозим аст. Малҳами тирамоҳӣ бояд дорои ҷузъиётҳое бошад, ки қобилияти муҳофизатии пӯстро дучанд гардонад. Масалан, равғани бодом пӯстро ғизо мебахшаду муҳофизат мекунад. Аз ин рӯ, вақте малҳам мехаред, ба таркиби он диққат диҳед.

Пӯстро нарм кунонеду ғизо бахшед

Аввалин коре, ки барои беҳбудии ҳолати пӯст дар фасли тирамоҳ кардан лозим аст, ин нармкунонӣ ва ғизодиҳии пӯст аст. Дар баробари ин, фаромӯш насозед, ки аз пеш фасли зимистон аст. Пӯсти рӯйи худро аз витаминҳо шодоб гардонед, хусусан витаминҳои А, С, Е.

Малҳами аз офтоб ҳифзкунанда лозим аст?

Бо вуҷуди он ки тирамоҳ фаро расидаву аллакай салқинӣ эҳсос мегардад, фаромӯш насозед, ки нурҳои офтоб ҳанӯз ҳам ба пӯсти рӯй таъсири худро мерасонанд. Бонувоне, ки пӯсти рӯяшон моил ба доғзанӣ аст, ҳамарӯза бояд аз малҳами аз офтоб ҳифзкунанда истифода бубаранд. Дар тобистон малҳами дараҷаи муҳофизатияш баландро истифода бурдан лозим асту дар фасли тирамоҳ малҳами мазкурро ба малҳами дараҷаи муҳофизатияш пасттар иваз кардан мумкин аст.


Вақти пилингу скраб фаро расид

Аксарияти бонувон медонанд, ки дар фасли тобистон бо сабаби аз ҳад зиёд фаъол будани нурҳои офтоб пилингу скрабро истифода бурдан мумкин нест, зеро он метавонад сабабгори пайдоиши доғҳои пӯст гардад. Акнун ки фасли тирамоҳ даромад, метавонед бемалол аз пайи поксозии пӯст гардед.

Гел хуб аст ё мусс?

Ҳангоми истифода бурдани малҳаму маҳлулҳои пӯсттозакунӣ боэҳтиёт бошед. Рафту пӯстатон аз ҳад зиёд ҳасос бошад, аз ҳама гуна воситаҳои пӯсттозакунӣ, аз қабили оби митселярӣ то гелҳо истифода бурда метавонед.

Бонувоне, ки пӯсти ҳасос доранд, истифода бурдани мусс ва мағзобаҳо (пенка)-ро тавсия медиҳем, зеро таркиби ин маҳлулҳо хеле нафис буда, пӯстро озор намедиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД