Arzon march 2024
4 фоидаи тозакунии пӯсти рӯй дар фасли зимистон
14.01.2025
ОИЛА.ТҶ
231

Дар фасли зимистон пӯсти инсон ба тағйироти муҳити зист хеле ҳассос мешавад. Аз сабаби таъсири ҳавои сард ва хушк, инчунин гармии сунъии дохили биноҳо (аз гармкунакҳо ва радиаторҳо) пӯст намнокиашро бештар аз даст дода, пажмурда ва бармаҳал пир шуда метавонад. Барои он ки пӯсти шумо зери таъсири ин омилҳо тароват ва ҷавонию зебоияшро аз даст надиҳад, онро аз ҳуҷайраҳои мурда пок намудан лозим аст. Амалиёти поксозии пӯст дар кошонаи ҳусн дар фасли зимистон гузаронида мешавад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 4 фоидаи тоза кардани пӯсти рӯй маълумот медиҳем.

Тоза кардани ҳуҷайраҳои мурда

Дар рафти амалиёти поксозии пӯст қабати болоии пӯсти рӯйро аз ҳуҷайраҳои мурда тоза мекунанд. Ин кумак мекунад, ки пӯст озодона нафас гирифта, нарм шавад.

Беҳтар кардани гардиши хун

Дар вақти тоза кардани пӯсти рӯй гардиши хун дар пӯст беҳтар мешавад. Ин ба беҳтаршавии ранги рӯй ва саломатии пӯст мусоидат мекунад.

Ҳосил кардани пӯсти тару тоза

Тоза кардани пӯсти рӯй боис мегардад, ки маҳсулоти ғизодиҳандаи пӯст, аз ҷумла малҳамҳои намкунанда беҳтар ҷаббида шаванд.

Халосӣ аз доғҳои рӯй

Дар зимистон бо вуҷуди кам шудани равған ифлосӣ ва чанг ба зудӣ ба пӯсти рӯй мешинад. Ин метавонад боиси пайдо шудани доғҳо дар рӯй гардад. Тоза кардани пӯсти рӯй ин мушликотро пешгирӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД