Arzon march 2024
3400 адад либоси гарм барои тифлони норасид тақдим карда шуд
29.05.2025
Oila.tj
201

27-уми майи соли равон аз ҷониби ҷамъияти хайриявии ризокорони “28 ҳалқаи Тоҷикистон’’ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» 3400 либоси гарм барои тифлакони норасид тақдим карда шудааст.

Дар маросими тақдими либосҳо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намудаанд.

Зимни қабули либосҳо барои тифлони норасид муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарияти ҷамъияти хайриявии ризокорони “28 ҳалқаи Тоҷикистон’’ барои чунин дастгирӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД