33 голи футболбозони навраси
тоҷик ба дарвозаи Гуама
Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ба дарвозаи Гуама 33 гол заданд, ки нишондиҳандаи рекордист.
Ин рақобат дар варзишгоҳи кишвари Сингапур баргузор гардида, бо ҳисоби 33 бар 0 ба фоидаи Тоҷикистон поён ёфт. Наврасони тоҷик 17 голи ин вохӯриро дар 45 дақиқаи қисми аввал ба самар расонданд.
Баъди ин ғалабаи бузурги таърихӣ футболбозони навраси тоҷик соҳиби 3 имтиёз ва садрнишини гурӯҳи «J» шуданд. Дар бозии навбатӣ наврасони кишвар бо бозигарони Малайзия вориди майдон мешаванд. Бозӣ рӯзи 25-уми октябр доир мешавад.
Бозии охирини тими миллии наврасони то 17-солаҳои кишвар дар гурӯҳи «J» бо Уммон рӯзи 27-уми октябр хоҳад буд.