Имрӯз, 1-уми октябр дар майдони "Нишони давлатӣ"-и шаҳри бостонии Истаравшан маросими гусели тантанавии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ 300 нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Истаравшан ихтиёран ба артиш сафарбар шуданд.
Маросим бо ҳузури намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон, падару модарон ва ҷавонон дар маркази шаҳр сурат гирифт. Мавзеи баргузории чорабинӣ бо парчаму шиору овезаҳо оро дода шуда, фазои идона ҳукмфармо буд.
Зикр гардид, ки хизмат дар сафи артиш мактаби шуҷоату мардонагӣ ва ифтихори ҳар як ҷавон буда, ҳифзи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандии фарзандони содиқи Ватан аст.
Ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ мерафтанд, бо рӯҳияи баланд иброз доштанд, ки бо садоқат ва муҳаббат ба Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат менамоянд. Ҳамзамон, волидону наздикон низ аз он ифтихор мекарданд, ки фарзандонашон ҳомии марзу буми Тоҷикистони азиз мешаванд.
Гуфта шуд, ки даъвати тирамоҳӣ тибқи нақша дар тамоми ҷамоату маҳаллаҳои Истаравшан идома хоҳад ёфт ва мутмаинанд, ки ҷавонон мисли ҳамеша бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба хизмат ҳозир мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи нахусти даъват ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ, Кумитаи маҳаллаи Дӯстӣ ва С. Айнӣ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро аввалин шуда иҷро карданд. Ба ҷамоату маҳаллаҳои пешсаф сипосномаи МИҲД-и шаҳри Истаравшан супорида шуд.
Ҳамзамон ба якчанд навдаъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.
Бо садои сурудҳои ватанпарварона ва барафрохтани Парчами давлатӣ ҷавонон аз маркази шаҳр ба сафи артиш гусел карда шуданд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ