Имрӯз аксари бонувон ба хотири зебову раъно гаштан аз маводҳои гуногуни кимиёвӣ истифода бурда, фикр намекунанд, ки ҳамаи ин ба пӯст таъсри манфӣ мерасонад ва боиси баромадани доначаҳо, пайдо шудани доғҳои сиёҳ ва мушкилоти дигари пӯст, нохунҳо ва мӯй гашта метавонад. Ба хотири пешгирии пирии бармаҳал имрӯз мо ба шумо-хонумҳои азиз дар бораи роҳҳои дурусти нигоҳубини пӯст, рӯй, мӯй ва ҷавону зебо мондан чанд маслиҳати муфидро пешниҳод месозем.
Андоза нигоҳ дор, ки андоза накӯст....
Рангҳое, ки барои мӯй истифода мешаванд ва маҳлулу воситаҳое, ки барои рангу бор ё ҷингилакуниву сӯзонидани мӯйҳо истифода мебаранд, ҳамзамон косметикаи ҳаррӯза дорои моддаҳои зарарноке мебошанд, ки ҳатман зарари худро ба ҳусни зан расонида, боиси пайдоиши ожангҳои рӯй, рехтани мӯй ва пиршавии бармаҳал мегарданд. Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки аз ҳама гуна воситаҳои кимиёвӣ худдорӣ намоед.
3 сирри зебоии зан
Барои ҷавон ва зебо мондан ҳамарӯза пӯсти худро тоза кардан ва дуруст нигоҳубин намудан лозим аст. Тозакунӣ, рангкунӣ, намноккунӣ 3 сир ё принсипи асосии нигоҳубини пӯст барои ҳама гуна намудҳои пӯст ба шумор меравад. Ҳама амалҳои дигар - истифодаи ниқобҳо, кремҳои махсус, пилингҳо ва маҳс дар кошонаи ҳусн ин табобатҳои муқаррарии зебоӣ мебошанд.
Тарзи дурусти тоза кардани пӯст
Ҳамарӯза пӯсти рӯйи худро пеш аз хоб тоза кунед, агар рӯйро нашуста хоб кунед, сабаби пайдошавии донача дар рӯй мегардад. Тавсия дода мешавад, ки пӯсти хушк ва ҳассосро на бештар аз як маротиба дар як ҳафта тоза кунед. Пӯсти равғанӣ бошад, дар як ҳафта 2-3 маротиба ба тозакунии амиқ ниёз дорад.
Малҳамро дар як рӯз чанд маротиба мемоланд?
Ҳар рӯз ба пӯстатон малҳамҳои ғизодиҳанда ва нармкунанда молед. Пеш аз молидани малҳамҳои нармкунанда ва малҳамҳои ороишӣ таркиби онро бодиққат хонед ва муқаррар намоед, ки ба пӯсти рӯйи шумо мувофиқ ҳаст ё не. Малҳамҳои нармкунанда ва серғизо барои пӯст хеле заруранд. Малҳамро субҳу шом молидан лозим аст. Агар шумо малҳам молида бошед, пас аз истифодаи маводи ороишӣ он пӯсти рӯйро нарм ва зебо мегардонад,бар замми ин, пӯсти рӯйро аз витамин сер мекунад. Танҳо аз малҳамҳои ғизодиҳанда, ки дорои миқдори зиёди силикон ва равған мебошанд, худдорӣ намоед.
Ороишро бо кадом малҳам шустан лозим аст?
Маводи ороишӣ бояд дар якчанд марҳила шуста шавад, то пӯст комилан тоза бошад. Оби мицеллярӣ ва шири тозакунандаи ороиш барои самаранок тоза кардани ороиш кофӣ нестанд. Зарраҳои хурди косметикӣ пас аз истифодаи тозакунандаҳо метавонанд сӯрохиҳоро банд кунанд ва ин сабаби пайдоиши донача мегардад. Аз ҳаимн хотир тозакунии маводи ороиширо дуруст иҷро кунед.
1. Аввал ороиши худро шӯед ва баъд рӯятонро бо гели тозакунанда ё бо пенка бишӯед.
2. Пас аз он, рӯи худро бо оби гарм бишӯед, бо рӯймолчаи якдафъаина (однаразвый салфетка) хушк кунед ва ба пӯсти рӯятон маводи нармкунанда молед.
Бонувони азиз, агар ҳамеша ҷавон ва зебо мондан хоҳед, нисбат ба пӯст, мӯй ва мӯйи худ бапарво набошед. Худро ҳамеша нигоҳубин кунед, то ҷавон, зебо ва дилкашу ҷаззоб намоед.