Formula novemver 2024
3-роҳи осони ҳамвор кардани мӯйҳои ҷингила дар хона
1522

Салом! Духтарам 14-сола шудааст, вале бо сабаби ҷингила будани мӯяш то ҳол дар шона кардан ва оро додани мӯйи сараш азият мекашад. Аз утюги мӯй зиёд истифода мебарад. Метарсам, ки бар асари зиёд утюг кардан мӯйҳояш осеб дида, ба рехтан сар накунанд.

Нархи хизматрасонии машшотаҳо торафт қимматтар шуда истодааст ва имкони ҳар рӯз барои ба кошонаи ҳусн рафтан ба ӯ пул доданро надорем. Аз ҳамин сабаб ба шумо муроҷиат намудам, ки шояд ягон роҳи осон ва бе зарари ҳамвор кардан ва ба тартиб даровардани мӯйи ҷингиларо тавсия медиҳед.

Шаҳзода, сокини шаҳри Норак

Посух

Дар ҳақиқат зиёд истифода бурдан аз фен, утюг ва дигар воситаҳои техникии ороишӣ зарар дошта, боиси сӯхтан ва камқувват гашта, ба рехтан сар кардани мӯйи сар мегарданд. Беҳтар аст, ки ба ҷойи ин чизҳо занону духтарони тоҷик аз воситаҳои халқӣ истифода баранд. Мо чанд роҳи осони ҳамвор намудани мӯйҳои ҷингиларо дар хона ба шумо пешкаш менамоем.

Аз сирко истифода баред

Яке аз беҳтарин усулҳои халқии ҳамвор кардани мӯйи ҷингила сарро бо оби бо сирко (уксус) омехтакардашуда шустан мебошад. Аввал сарро шуста, баъдан як қошуқ сиркоро бо об омехта намуда, мӯйи сарро бо ин об обгардон кардан лозим аст. Фаромӯш накунед, ки то пурра хушк шуданашон мӯйҳо бояд кушода бошад. Сирко мӯйро хеле хуб мулоим ва ҳамвор мекунад.

Оби ҷав мӯйро ҳамвор ва дароз мекунад

Воситаи дигари ҳамвор кардани мӯйи сар дар хона ин оби ҷав мебошад. Як каф ҷавро дар як литр об ҷӯшонед ва монед ширгарм шавад. Сарро тоза шуста, баъд 0, 5 литр оби ҷавро кам-кам ба торҳо ва решаҳои мӯй рехта, шона кардан лозим аст. Беҳтараш молидани оби ҷавро аз пушти сар оғоз карда, бо ангуштон аз реша то нӯги мӯйҳоро молиш дидеҳ. Оби ҷав мӯйҳои ҷингиларо ҳамвор карда, ҳамзамон ба дароз шуданашон мусоидат менамояд.

Тухм мӯйро “ламинатсия” мекунад

Барои он ки мӯйи сар ҳамвор шуда, ҷило диҳад, аз тухм истифода бурдан лозим аст. Ба шумо зардии як дона тухм, шампуни кӯдакона, желатин ва равғани зайтун лозим мешавад. Желатинро бо шаш қошуқ оби гарм аралаш карда, маҳлули ҳосилшударо ба ду қисм ҷудо кунед. Як қисмашро бо миқдори баробари шампун омехта намоед ва ба мӯйҳои ҷингила молида бо сачоқи гарм печонеду 30-40 нигоҳ доред.

Қисмати дигари желатинро бо зардии тухм омехта карда ба он камтар равғани зайтун илова кунед. Маҳлулро тунук ба дарозии мӯй молида, тахминан 2 соат нигоҳ доред. Дар охир сарро бе истифодаи шампун ва собун, танҳо бо оби ширгарм шустан лозим аст. Гуфтагӣ барин, мӯйи сарро танҳо баъди рӯзи сеюми ламинатсиякунӣ бо шампун шустан мумкин аст, вагарна самар намедиҳад.

Амалиёти мазкурро дар ду ҳафта як бор такрор кунед, мӯйҳои ҷингила натанҳо ҳамвор мешаванд, балки ҷилои тоза пайдо мекунанд. Пас аз ин амалиёт истифода бурдани асбобҳои барқӣ барои ҳамвор кардани мӯй тавсия дода намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД