toyota motors
3 ниқоби табиӣ, ки занро ҷавон ва зебо месозанд
31.05.2026
Oila.tj
36

Аксари бонувон барои зебо ва дилкаш гаштани пӯсти рӯяшон аз маҳсулоти қиматбаҳои косметикӣ истифода мебаранд, ҳол он ки маҳсулоти табиӣ таъсири беҳтар дорад. Имрӯз мо ба шумо - хонумҳои азиз дар бораи 3 маҳсулоти табиӣ маълумот медиҳем, ки пӯстро тоза ва ботароват гардонида, ба ҷавону зебо мондани зан ёрӣ мерасонанд.  

Маҳсулоти бехатарро интихоб намоед

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки барои таҷрибаҳои хонагӣ бештар аз маҳсулоти нисбатан бехатар истифода шавад. Ба чунин маҳсулот бодиринги тару тоза, картошка, банан, авокадо, тухм, хамиртуруш, маҳсулоти ширии турш ва желатин дохил мешаванд.

Бодиринг пӯстро тароват мебахшад

Ниқоби бодирингӣ яке аз содатарин ва бехатартарин воситаҳост. Бодирингро ҳалқашакл бурида, барои 15-20 дақиқа рӯйи пӯст гузоштан кофист. Он пӯстро тароват бахшида, намнок мекунад ва ҳатто барои минтақаи ҳассоси атрофи чашм мувофиқ аст.

Ниқоб аз хамиртуруш ва сафедии тухм

Ниқоби аз хамиртуруш, сафедии тухм ва желатин омодашуда чинҳои пӯстро ҳамвор месозанд. Барои омода кардани он хамиртурушро бо об ё шир омехта намуда, баъдан желатини ҳалшуда ва сафедии тухми латзадашударо илова менамоянд. Ниқобро набояд бештар аз 15-20 дақиқа нигоҳ дошт, вагарна пӯст хушк мешавад.

Банан ва авокадо-манбаи зебоӣ

Банан ва авокадо пӯстро серғизо мегардонанд. Бананро метавон бо фалла, сметана ё зардии тухм омехта кард. Авокадо бошад, беҳтар аст танҳо истифода шавад ва ба он чанд қатра шарбати лимӯ илова гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД