Ниқоби асалӣ
Ниқоби беҳтарин барои ҷавон ва зебо шудани бонувон ин ниқобҳои асалӣ мебошанд. Тамоми фасли сол ба рўй асал молидан кифоя аст, то ки пўстро шодобу аз пиршавӣ эмин гардонем. Ниқоби асалии баҳорӣ аз қисматҳои зиёде иборат аст, ки касро якбора аз ҳама мушкилот халос мекунад.
Як қошуқ асал, беҳтараш асали зерфун (липовый)-ро бо поғаи љав (овсянные хлопья) омехта, чанд қатра шарбати лимў ва як қошуқча равғани зайтунро ба он илова намоед. Ниқобро 15 дақиқа дар рўю гардан нигоҳ дошта, сипас сачоқи тозаеро дар оби гарм тар карда аз болои ниқоб ба рўятон гузоред. Пас аз бо оби ширгарм шустани ниқоб ба пўст малҳами нармкунанда молидан лозим аст. Чунин ниқобро беҳтараш қабл аз хоб ҳафтае 2-3 бор молед.
Гиёҳниқоб
Ҳафта як бор истифода бурдани ниқобҳои гиёҳӣ пўстро ором ва сурхиву сўзишашро рафъ месозад. Як қошуқча мармарак (шалфей), ду қошуқча лаванда ва ҳамин миқдор бобунаи (ромашка) хушкро дар ўғурак кўфта сипас дар оби љўшида як дақиқа дам партоед. Ин ниқоби гиёҳиро ба рўю гарданатон молида бо сачоқи тунук 20 дақиқа пўшонеду сипас рўятонро бо оби ширгарм шуста малҳами ғизобахш ё нармкунанда молед.
Ниқоб аз қулфинай
Ин ниқоб барои пўсти беобу хаста ва коҳида тавсия мешавад. Он пўстро ғизо дода рагчаҳоро қувват мебахшад. Як истакон оби љўшидаро андаке хунук кунонида ба он як қошуқча содаи хўрокаро илова кунед. Қулфинайро бо чангак лат занед. Докаи дуқабатаро дар оби содадор тар карда ба рўю гарданатон пўшонида аз болои дока қулфинайро тунук кунед. Ниқобро 15 дақиқа нигоҳ дошта, сипас шўед. Дар давоми 7 рўз табобатро боз такрор кунеду баъдан ҳафтае ду бор дар як моҳ ниқоб молед. Барои пўсти аллергиядошта чунин ниқобро тавсия намедиҳем.