arzon replenishment
3 миллион рубл кумаки Раҳими Ғармӣ ба муҳоҷирон
658

Абдураҳим Бобоҷонов, ки бо номи Раҳими Ғармӣ низ маъруф аст, ба ҳамватанони муҳоҷирамон, ки дар фурудгоҳҳои Русия ба мушкилот мувоҷеҳанд, кумаки молӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, ки кумаки расонидаи Абдураҳим Бобоҷонов ба андозаи 3 миллион рубли русӣ аст. Дар ин бора Орзу Исоев дар саҳифаи инстаграмаш хабар дод.

Ёдрас мешавем, ки Абдураҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ қаблан ба 20 оилаи камбизоат хона туҳфа карда буд. Ин соҳибкори тоҷик қабл аз сафараш ба ҳаҷ ба 20 оила дар тарабхонаи машҳури “CZN Burak” зиёфат дода, дар ҳамин маросим калидҳои хонаҳои навро ба дасташон супурд.

Ҳамзамон, Раҳими Ғармӣ ду ҳунарманди машҳури тоҷик - Бахтиёр Раҳимов ва Гулбаҳор Ғаффороваро, ки қариб 30 сол боз ранҷи бехонагӣ мекашиданд, соҳиби манзил гардонида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД