Салом! Фариза ҳастам, сокини шаҳри Душанбе ва модари 4 фарзанд. Чандин сол боз бемории анемия дорам. Ҳамеша худро камқувват ва хастаю лакот эҳсос менамоям, баъзан ҳатто нигоҳубини кӯдаконам бароям душворӣ мекунад.
Имконияти ҳар сол дар беморхона хобида табобат гирифтан надорам. Ягон давои халқие ҳаст, ки камхуниро дар муддати кӯтоҳ даво бахшида, ба кас қуввату мадор диҳад?
Фариза, аз ш.Турсунзода.
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Сабаби асосии камхунӣ ин паст гаштани сатҳи гемоглобин дар хун мебошад, ки онро бо забони тиббӣ анемия меноманд. Хоҳари азиз, шуморо лозим аст, ки як маротиба ҷиддан тамоми узвҳои худро ташхис намоед, чунки инсон бе сабаб, худ аз худ ба камхунӣ гирифтор намешавад. Сабаби анемия метавонад вайрон шудани эритроситҳо, камбудии витаминҳо ва оҳан дар организм, саратони хун, сили шуш, хунравӣ, кирми меъда ва ё ягон иллати дигари узвҳои дарунӣ бошад. Барои он ки аз камхунӣ халос шавед, сарчашмаи бемориро ёфта, онро табобат кардан лозим аст. Айни замон ман ба шумо чанд давои содаро тавсия медиҳам, ки ба беҳтар шудани ҳолатон мусоидат хоҳанд кард, вале аз ташхис гузаштанро аз ёд набаред.
Давои ширин барои рафъи камахунӣ
Беҳтарин даво барои табобати камхунӣ ин давое мебошад, ки аз меваю сабзавоти тару тоза тайёр карда шудааст. Шумо метавонед шарбати ним килограм себ, ним килограм лаблабӯи сурх ва ним килограм сабзиро бо воситаи мошинаи меваҷабак (соковижималка) гирифта, дар зарфе андозед ва аз болояш як пиёла асали тоза рехта, нағзакак аралаш кунед. Ҳар рӯз 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок аз ин даворо як қошуқӣ нӯши ҷон кунед, камхуниро даво мебахшад.
Оби хуч нӯшед!
Барои рафъи камхунӣ шумо бояд ҷисми худро аз витаминҳои С ва В шодоб гардонд. Бо ин мақсад аз меваи настаран-хуч истифода бурдан мумкин аст. Бегоҳ се қошуқ хучро дар ним литр оби ҷӯш дар термос дам карда монед то саҳар истад. Рӯзона ба ҷойи чой ана ҳамин оби хучро кам-кам нӯшидан гиред ва бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред, дар муддати кӯтоҳ ба худ меоед. Саломат бошед!