Миҷози мардон табиатан гарм аст, аз ҳамин сабаб аксари мардҳо, махсусан ҷавонмардон дар фасли зимистон ҳам пӯшидани либосҳои гармро хуш надоранд, аммо ин бепарвоӣ метавонад боиси гирифторӣ ба ҳар хел бемориҳои мардона гардад.
Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар меафтад, аз ҳамин хотир мо аз Рустам Одинаев, табиби уролог-андрологи Маркази миллии солимии репродуктивӣ хоҳиш кардем дар бораи бемориҳои мардонае, ки дар ҳавои сард авҷ мегиранд, каме маълумот диҳанд.
Чаро мардҳо ба илтиҳоби пешобдон ва дарди гурда гирфтор мешаванд?
Табиб мегӯяд, мардҳо дар фасли зимистон бештар ба илтиҳоби пешобдон ва дарди гурда гирифтор мешаванд. Барангезандаи илтиҳоби пешобдон ва илтиҳоби гурда, ки онро бо забони тиббӣ пиелонефрит меноманд, асосан бактерияҳое мебошанд, ки дар айёми сармо якбора зиёд ва хеле фаъол мегарданд. Дар фасли зимистон бар асари гармохунук шудани организм бактерияҳо ба ҳуҷум мегузаранд ва дар натиҷа кас ба осонӣ ба илтиҳоби пешобдон ва ё илтиҳоби гурда гирифтор шуда метавонад.
"Рагҳои хунгард бар асари гармохунук шудани организм якбора танг шуда, гардиши хун суст мешавад ва бар асари ин ҳолат ба бофтаҳои ҷисми мард ба миқдори зарурӣ оксиген, яънекислород намерасад. Дар натиҷа бофтаҳо чандирии худро аз даст дода, наметавонанд
фаъолона ба муқобили бактерияҳо ва дигар намудҳои уфуннатҳо мубориза баранд. Ҳамаи ин боиси ба осонӣ сироят ёфтан ва ба илтиҳоби пешобдон, ё гурда гирифтор шудани мард мегардад,”-таъкид мекунад уролог.
Аксари мардҳоитоҷик бар он андешаанд, ки зимистони кишвари мо чандон хунук нест ва бо либоси начандон гарм низ, онро пушти сар кардан мумкин аст, аммо табиб мегӯяд, ҳаттоҳавои 10 дараҷа гарм ҳам, барои организми мард хатарнок аст.
Боз як бемории мардонаи зимистона
Бемории дигаре, ки дар фасли зимистон мардҳоро бештар домангир мегардад, илтиҳоби ғадуди простата мебошад. Простатит бар асари аз узвҳои ҳампаҳлӯ ба узвҳои мардона гузаштани инфексияҳо, ё якбора гармохунук шудани организми мард сарзада метавонад.
Барои пешгирии бемориҳои мардона чӣ бояд кард?
Тавре ки дар оғоз ишора намудем, пешгирии ҳар гуна беморӣ аз табобати он даҳҳо маротиба осонтар ва арзонтар меафтад.Барои пешгирӣ кардани илтиҳоби пешобдон, илтиҳоби гурда, простатит ва дигар бемориҳои мардона ҷавонмардонро лозим аст, дар айёми сармо ба қоидаҳои зерин риоя намоянд:
1. Новобаста аз он ки барфу борон меборад, ё не, дар фасли зимистон ҳамеша либоси гарм бипӯшед.
2. Барои пешгирӣ кардани бемориҳои мардона аз гармохунук шудани организм бояд эҳтиёт намуд.
3. Пойафзоле бипӯшед, ки обро намегузаронда бошад. Аксар вақт маҳз бо сабаби об кашидани пойафзолашон мардҳо ба илтиҳоби пешобдон ва гурда гирифтор мешаванд.
4. Дар болои кафел ва дигар ҷойҳои сард муддати тӯлонӣ нашинед.
5. Дар фасли зимистон ба ҳеҷ ваҷҳ пойи луч нагардед.