Мақомоти пулис се ҷавондухтари гумшударо пайдо карда, ба волидонашон баргардондаанд.
Бино ба иттилои ВКД, ин духтарон, ки дар ноҳияи Хуросон гум шуда буданд, аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо карда шудаанд.
Хабари гум шудани ин се ҷавондухтар охири ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда буд. Наздикони онҳо бо гузоштани аксу навор аз мардум хоҳиш карда буданд, то барои пайдо намудани духтарон кумак расонанд.
Мақомот мегӯянд, ки Зуҳрои 16-сола ва Сумани 17-сола, хонандагони синфҳои 10 ва 11, рӯзи 4-уми сентябр ба мактаб рафта, ба хона барнагаштанд. Онҳо бо нафари сеюм бо номи Нозия Ёрзодаи 18-сола, сокини ҳамин ноҳия бедарак ғайб заданд.
Духтаронро дар шаҳри Душанбе пайдо кардаанд, вале маълум нест, ки онҳо чӣ гуна аз ноҳияи Хуросон ба шаҳри Душанбе омадаанд ва чаро давоми чанд рӯз бо волидайнашон дар тамос набуданд.