Арабистони Саудӣ хатсайри ҳавоии таҷилиро барои расонидани кӯмакҳои гуногун ба осебдидагони заминларза дар Сурия ва Туркия кушодааст.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои осебдидагони заминларзаи шадид дар Сурия ва Туркия маъракаи оммавии ҷаъмоварии кӯмакро бо платформаи “Соҳим” таъсис дод, ки зери сарпарастии Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон роҳандозӣ шудааст.
Дар ин маърака шаҳрвандони Арабистони Саудӣ тавассути платформаи “Соҳим” малағи 100 миллион риёли саудӣ баробар бо 26,6 миллион доллари амрикоӣ барои мардуми Сурия ва Туркия ҷаъмоварӣ намуданд ва ин иқдоми хайр то ин лаҳза идома ёфта истодааст.
Гуфта мешавад, ки субҳи имрӯз гурӯҳи наҷотдиҳандагони Арабистони Саудӣ барои кӯмак ба мардуми осебдида ба Сурия ва Туркия расиданд.