Агентии обуҳавошиносии кишвар сокинонро огоҳ кардааст, ки рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Душанбе, атрофи он ва аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши барфи шадид дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, ки дар ин рӯз дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли боришоти зиёд, фаромадани тормеғ, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш мавҷуд аст, ки метавонад ҳаракати мошинҳоро душвор созад.
Дар робита ба ин, ба шаҳрвандону ронандаҳое, ки нияти сафар тариқи роҳҳои кӯҳиро доранд, тавсия дода шудааст, ки дар рӯзҳои мусоидтар ба роҳ бароянд. Ҳамчунин, ба ронандаҳо маслиҳат дода шудааст, ки пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии вазъи ҳаворо мушаххас ва қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъан риоя намоянд.