Пагоҳ, 2-юми майи соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» оғоз мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ҳунармандон намоишҳои худро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорон менамоянд.
Маросими анҷоми фестивали байналмилалӣ 6-уми май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.