Салом! Ман ду сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам ва рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро дошта натавонистам. Чанд рӯз пеш аз Русия баргаштам ва мехоҳам акнун рӯзаҳои қазоиямро бидорам. Баъзе шиносҳо мегӯянд, ки ба ҳар як рӯзи қарздориам бояд 61 рӯз рӯза гирам. Оё дар ҳақиқат чунин аст?
АБДУВАЛӢ, н. Вахш
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Бародари азиз! Шумо бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ва шароит надоштанатон рӯза надошта бошед, маълум мешавад, ки узр доштаед, бинобар ин, шарт нест, ки барои ҳар рӯзи рӯза надоштаатон 61 рӯз рӯза бигиред. Танҳо 2 моҳ қазои дусоларо гиред, кофист.