Formula novemver 2024
2 ниқоби тирамоҳӣ, ки ба зан ҷавонӣ ва зебоӣ мебахшанд
10.11.2024
ОИЛА.ТҶ
423

Рӯзҳои пурфайзи тирамоҳӣ зудгузаранд, аз ин лиҳоз, бо истифода аз меваву сабзавоти тару тоза пӯсти худро бо витаминҳои зарурӣ таъмин карда, боз ҳам зеботару дилкаштар гардед. 

Ниқоб аз помидор

Ниқоби помидорӣ сӯрохиҳои васеъгаштаи пӯстро маҳкам мекунад. Ниқоби мазкур чунин тайёр карда мешавад: помидори шустаро кӯфта, бо 2 қошуқ сабӯс аралаш намоед ва ба рӯю гарданатон молед. Ниқобро баъди 20-30 дақиқа бо оби ширгарм шӯед. Ин ниқобро ба пӯсти равғанин молидан хуб аст.

Барои пӯсти хушк чунин ниқоб тавсия дода мешавад: 2 қошуқ оби помидорро бо 2 қошуқ орд омехта карда, ба рӯятон молед. Рӯятонро бо дока пӯшонда, 15-20 дақиқа истед, сипас бо оби ширгарм рӯй шӯед.

Ниқоб барои пӯсти муътадил: як дона помидори кӯфтаро бо 2 қошуқ фалла, 1 қошуқ шир ва 1 қошуқ равғани офтобпараст омезед.

Маҳлулро ба рӯятон молида, 15-20 дақиқа нигоҳ дореду баъдан бо оби ширгарм шӯед.

Ниқобҳои бодирингӣ

Ин ниқоб барои пӯсти хушку пажмурда ниҳоят муфид аст. Бодирингро аз турбтарошак гузаронида, бо сафедии тухм омезед ва  ба рӯятон молед. Ин ниқоби сервитамин рӯйи шуморо мулоим ва пӯстатонро сафед мекунад. Бодирингро тунук бурида, ба рӯятон часпонед, чеҳраатонро тароват мебахшад. 

Барои нест кардани доғи кунҷитак ва доғҳои пигментӣ ин ниқоб ба маврид аст: пораҳои бодиринги  пӯсткардаву резаро дар ҷурғот тар карда, як соат ба яхдон гузоред. Ин ниқобро шабона ба рӯятон молида, то саҳар нашӯед.

Пӯсти пажмурдаро маҳлули аз як қошуқ бодиринги аз турбтарош гузаронидашуда ва 1 қошуқ асал омодашуда ботароват месозад. Ниқобро ҳафтае 1-2 бор омода созед. Онро ба рӯятон молида, баъди 20 дақиқа шӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД