Sebiston new 2024 october
2 ҷавон худро ба Сирдарё партофтанд!
2110

Онҳоро кӣ ё чӣ ба худкушӣ маҷбур кард?


2 ҷавони хуҷандӣ , ки яке 18 ва дигарӣ 21 сол доштааст, худро ба дарё партофтаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.
“ Ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар шаҳри Хуҷанд санаи 28- уми апрели соли 2022, тақрибан соатҳои 10:05 бо вақти маҳаллӣ хабар расид, ки ду ҷавон худро ба Сирдарё партофтаанд, ки яке писар ва дигарӣ духтар будааст” омадааст дар хабар.
Духтар тавонистааст аз об баромада, аз марг дар амон монад, вале наҷотдиҳандагони фаран ба ҷои ҳодиса расида, то торик шудани ҳаво ҷустуҷуй карда бошанд ҳам, мутассифона ҷавонро пайдо карда натавонстанд Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд имрӯз низ ба ҷустуҷӯи ин ҷавон баромадаанд.
Маълум гаштааст, ки ҷавонписар сокини 21- солаи деҳаи Пардуди ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ буда, духтари ҳамроҳаш буда 18- сола ва сокини деҳаи Нурафшони ноҳияи Леваканди вилояти Хатлон будааст. Ҳанӯз сабаби даст ба худкушӣ задани ин ду ҷавон маълум нест.
Тафтишот аз руйи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД