arzon replenishment
1980 СОМОНӢ: БАҲОИ БЕХАТАРИИ ҲАЁТ ДАР ДАВРАИ КАРОНАВИРУС?!
2515

 

Вабое, ки ҳеҷ поён намеёбад

Қариб як сол мешавад, ки вируси хатарноки КОВИД -19 дар сар то сари сайёраи замин омирона давр зада, ҳамарӯза ҷони ҳазорон-ҳазор одамонро дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам мерабояд.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ анқариб 35 миллион нафар ба ин дарди бедаво мубтало гашта, коронавирус беш аз як миллион зодагони насли инсонро ба водии хомӯшон фиристодааст.

Табибон дар боби пешгирии ин вабои асри нав маслиҳатҳои гуногун дода, таъкид менамоянд, ки пӯшидани ниқоб ва риоя намудан ба чораҳои беҳдоштӣ метавонад касро аз гирифтор шудан ба КОВИД-19 эмин нигоҳ дорад, аммо...

Ниқоб-манбаи вирус?!

Сомонаи Sputnik андешаҳои табиби бемориҳои дарунӣ Лариса Алексееваро нашр намудааст, ки ниқобро “ашёи хатарноктарини паҳнкунандаи вируси COVID – 19” меномад. Ба андешаи ин табиб аксари одамон гӯё бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ниқоб пӯшида, баръакс худро бештар зери хатар мегузоранд.

"Мо одамони зиёдеро дорем, ки ман онҳоро «ниқобпӯшони бесамар» ном ниҳодаам. Онҳо як ниқобро 10 - 15 рӯз, ё ҳатто дарозтар истифода мебаранд. Ҳамон як ниқобро ҳамарӯза бо тамоми кафи дасташон мегиранд ва дуқад карда ба ҷайб мегузоранд", - бо таассуф изҳор доштааст Лариса Алексеева.

Ба андешаи ин табиб одамоне, ки як ниқобро ду-се ҳафта истифода мебаранд, баъди кашидани ниқоб онро ба ҷайбашон мегузоранд ва дастҳои ношустаашонро ба чашму рӯяшон мерасонанд. Аксаран ин одамон баъди кашидани ниқоб бо ҳамон дастони ношуста ба ашёҳои гуногун расида, ба бештар паҳн гаштани ин вируси хатарнок мусоидат менамоянд.

"Вирусҳои ниқоби дар дохили ҷайббуда, имкони бештар афзоиш карданро пайдо мекунанд", - шарҳ медиҳад ин пизишки касалиҳои дарунӣ.

Тибқи тавсияи Лариса Алексеевна ниқоби тиббиро на бештар аз 2 соат бояд истифода буд. Пас аз бадар кардани ниқоб дастҳоро ҳатман бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза кардан лозим аст. Гуфтаҳои Лариса аз нигоҳи тиббӣ шояд асоснок бошанд, аммо...

Саломатӣ ҳам нарх дорад!

Биёед, ҳисоб мекунем. Барои аз КОВИД-19 эмин мондан чӣ қадар маблағ сарф кардан лозим меояд? Дар кишвари мо як ниқоби тиббӣ, айни замон, на камтар аз 3 сомонӣ арзиш дорад. Дар сурати на бештар аз ду соат истифода бурдани як ниқоб дар як рӯз (фақат соатҳои кориро ҳисоб мекунем) ба як одам камаш 5-6 ниқоб лозим мешавад.

Ҳамин тавр, ҳар як инсон бояд дар як рӯз ба маблағи 15-18 сомонӣ танҳо ниқоб харад. Рақами поёниро интихоб мекунем ва 15-ро ба 22 (фақат рӯзҳои кориро ба назар мегирем) зарб мезанем. Мешавад 330 сомонӣ, яъне ҳар як инсон дар як моҳ бояд ба ҳамин маблағ ниқоби муҳофизатии тиббӣ харад.

Оилаву фарзандон чӣ?

Дар аксари оилаҳои тоҷик танҳо як ё ду нафар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд. Акнун тасаввур мекунем, ки сардори оила ҳамсар ва чаҳор фарзанд дорад (баъзе оилаҳои тоҷик, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, 6-7 ҳатто то 10 фарзанд доранд, вале мо ҳадди миёнаро ба назар мегирем).

Ҳамин тавр, ӯ бояд натанҳо барои худ, балки барои аҳли хонаводааш низ ниқоб харад. Барои шаш нафар дар як рӯз на камтар аз 30 ниқоби тиббӣ лозим аст, ки арзиши он 90 сомониро ташкил медиҳад.

1980 сомонӣ: оё ин маблағ зинда мондани моро кафолат дода метавонад?

Акнун 90-ро ба 22 рӯз зарб мезанем (рӯзҳои истироҳатро ба назар намегирем) ва ҳосил мешавад 1980 сомнӣ. Ҳамин тавр, агар ба маслиҳатҳои Лариса Алексеева, ки воқеан касбӣ ва аз нигоҳи тиббӣ хеле боарзиш ҳастанд, гӯш диҳем, дар як моҳ фақат барои харидани ниқоби тиббӣ як оила бояд 1980 сомонӣ маблағ сарф кунад, вале...

Дар ҳоле, ки музди миёнаи меҳнат ҳудуди 700-800 сомониро ташкил медиҳад, қариб ду ҳазор сомониро мард ё зани тоҷик аз куҷо меёбад? Фаромӯш накунед, ки ба ғайр аз ниқоб ӯ бояд оилаашро хӯронад, пӯшонад, пули обу барқ ва хароҷотҳои мактабиро пардохт намояд.

Ситораҳо пул надоштанд, ки ниқоб харанд?

Коронавирус натанҳо балои ҷони мардуми камбағалу нодор гашт, балки садҳо одамони дорову сарватмандро низ ба домони хоки сард кашонд. Дар байни афроде, ки бар асари ин вируси хатарнок ҷон ба ҷонофарин супурданд, миллионерҳо, миллиардерҳо, ситораҳои телевизион, кино, театр ва сарояндагони машҳур кам набуданд.

Саволе ба вуҷуд меояд, магар одамони сарватманду шӯҳратёре, ки аз КОВИД-19 мурданд, барои харидани ниқоб пул надоштанд? Боварам намеояд, ки устодон Ҷӯрабек Назрӣ, Ҷамшед Исмоилов ё Мунира Ҳакимова як ниқобро ду-се ҳафта истифода бурда бошанд!

Эҳтиёт - ними ҳаёт, вале...

Албатта, ман зидди пӯшидани ниқоб ва риояи чораҳои беҳдоштӣ нестам, аммо аз ҳад зиёд дода шудан ба ин мавзуъ ҳам чандон кори боақлона нест.

Бузургтарин душмани инсон тарс аст. Вақте аз чизе сахт метарсӣ, ту беихтиёр ҳамон энержии нохушро ба сӯи худ ҷалб месозӣ. Пас, биёед, ҳатто дар замони пандемия ҳам будани тарсу ҳарос зиндагӣ кунем, чунки ҳар як лаҳзаи ҳаёт ширин, зебо ва нотакрор аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД