arzon replenishment
19-декабр Рӯзи байналмилалии камбизоатон
555


Ҳамасола рӯзи 19-декабр дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии кӯмак ба камбизоатон таҷлил карда мешавад. Созмони Милали Муттаҳид ин қишри осебпазири ҷомеаро "ҳолати набудани дарозмуддати ғайриихтиёрии захираҳои зарурӣ барои таъмини тарзи қаноатбахши зиндагӣ" муайян мекунад.

Ба гуфти коршиносони байналмилалӣ, дар охири асри 20 тақрибан чоряки тамоми аҳолии сайёраи Замин, яъне якуним миллиард нафар зиндагии бадбахтона ба сар мебурданд. Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки дар байни солҳои 1999 ва 2007 беш аз 300 миллион нафар аз фақр фавтидаанд, ки ин теъдоди бузургиқурбонӣ ҳатто дар давраи ду ҷанги ҷаҳонӣ мушоҳида нашудааст.

Дар робита ба ин, СММ чанд барномаеро қабул кардааст, ки ба рафъи камбизоатӣ нигаронида шудаанд. Барномаи аввали рафъи камбизоатӣ дар ибтидои соли 2000-ум ба кор шурӯъ карда бошад ҳам, то ҳол шумораи одамоне, ки дар ҳоли фақр ва бенавоӣ зиндагӣ мекунанд, кам нашудааст.

Сарфи назар аз он, ки иқтисодиёти ҷаҳон имрӯз бо суръати баланд рушд мекунад ва шумораи ҳарчи бештари одамон метавонанд бо сатҳи баланди зиндагӣ фахр кунанд, камбизоатӣ ҳамчун яке аз мушкилоти асосии башарият боқӣ мемонад. Камбизоатӣ танҳо нарасидани маблағ набуда, балки мушкилоти дигарро аз қабили набудани кори шоиста, манзили бароҳат, дастрасӣ ба таҳсилоти хуб ва тандурустӣ ва ғайра дар бар мегирад.

Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар баробари барномаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ созмонҳои ҷамъиятии мухталифи мазҳабӣ ва хайрия, ҳамчунин сарпарастони хусусӣ ба таври анъанавӣ ба камбизоатон кӯмак мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки 17-октябр низ ҳамасола ҳамчун Рӯзи байнулмилалии аз байн бурдани фақр таҷлил карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаномаи Оила ва сомонаи Оила. ТЧ низ тӯли фаъолияти хеш ҳамеша бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ барномаҳои гуногунро амалӣ месозад. Яке аз чунин лоиҳаҳои бисёр бобарори сомонаи Оила. ТЧ барномаи “Умеди охирин” буд, ки тавассути он даҳҳо одамони камбағал ва дармонда, ки ҳатто мазили зист надоштанд, соҳиби хонаю ҳавлиҳои нави замонавӣ гашта, ба садҳо нафари дигар кӯмаки моливӣ расонида шуд.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД