Ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» аз шаҳри Душанбе 138 нафар ҷавонони боистеъдод роҳхат гирифтаанд. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санадҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи Низомномаи озмун, барандагони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мамлакат бидуни имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.