arzon replenishment
13 ТОБУТ ВА 237 МУҲОҶИРРО АЗ РУСИЯ БА ВАТАН ОВАРДАНД
1909

Мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 25 май боз 237 муҳоҷири дигарро аз Русия ба ватан оварданд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ инчунин 13 тобути муҳоҷирони фавтида низ дар ин парвоз аз Русия оварда шудааст.

Аз муҳоҷироне, ки шаби 25-уми май бо парвози махсуси ширкати Ютэйр ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд, 197 нафарашон муҳоҷиронеанд, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мезистанд. Дар ин гуна марказҳо асосан муҳоҷироне нигоҳдорӣ мешаванд, ки бо қарори суд депорт шудаанд. Аммо маълум нест, ки 40 нафари дигар, ки бо парвози махсус ба Душанбе омадаанд, киҳоянд.  Ҳукумати кишвар мегӯяд, ки дар доираи нақша дигар шаҳрвандони дармондаи тоҷикро низ аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан бармегардонанд. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик боз ду парвози махсус сурат гирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД