formula
12 СИРРИ ХУШБАХТИИ ОИЛАВӢ
05.09.2020
НОДИРА
6330

Барои он ки зиндагии оилавии шумо дарҳол рӯ ба парокандагӣ наорад, бояд чанд омили рӯзгордориро ба эътибор гиред. Бо риоя намудани ин қоидаҳо оилаи худро солим нигоҳ медоред.

Зиндагӣ аз арӯсӣ

Театр аз либосовезак оғоз меёбаду издивоҷ аз тӯй. Зиндагии пур аз кару фарро орзу доред, вале шавҳаршавандаатон дар кисааш ба ҷуз билети донишҷӯӣ дигар чизе надорад? Бахт мехоста бошед аз ӯ тӯйи бодабдабаро талаб накунед, вагарна баъди тӯй нони хушкро дар об тар карда мехӯред. Зиндагиро аз қарзу қавола оғоз кардан нахоҳед, андеша намоед.

Тифл дар хона

Ҳаёти ҳақиқии оилавӣ аз даргоҳи таваллудхона бо аъзои нави хонадони шумо оғоз меёбад. Чанд муддат шуморо шавҳаратон на бо бӯсу канор, балки барои маконидани тифлакатон аз хоб бедор мекунад. Бо таваллуди тифлак зиндагии шуморо ташрифи бобову бибӣ, аммаву амак ба куллӣ тағйир медиҳад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, бо тамоми хешу наздикони шавҳаратон муросо намуданро омӯзед.

Холаи ҳамакора

Ҳамарӯза хариди маҳсулоти хӯрока, либосшӯӣ, рӯбучини хона, хӯрокпазӣ шуморо хаставу лакот мегардонида бошад, аз шавҳаратон хоҳиш намоед ақаллан бозорравиро ба дӯши худ бигирад. Дар нигоҳубини кӯдак аз наздиконатон кӯмак пурсед.

Хушдоманро дӯст доред

Минбаъд оилаи шумо калонтар мешавад. Акнун бояд барои наздикони шавҳаратон низ вақт ҷудо карда, анъанаву одатҳои оилаашонро иҷро намоед. Фаромӯш накунед, ки осоиштагии рӯзгоратон аз муносибати хуби шумо ба хушдоманатон вобастагӣ дорад.

Шавҳарро ҷонбезор накунед

Баъзан ба назари бонувони хонашин чунин менамояд, ки шавҳаронашон дар ҷои кор «коғазу қалам» мехӯранд. Барои зане, ки 8 соат аз шавҳар дур асту дар хона чӣ кор карданашро намедонад, ин 8 соат ба 8 сол мубаддал мегардад. Фаромӯш насозед, ки мард дар баробари шавҳари хуб буданаш, бояд корманди хуб низ бошад. Беҳтараш бо қавитар сохтани дониши худ машғул шавед. Ба ҷои бо зангҳои бемаънӣ қаҳру ғазаби мардро овардан, барояш хӯроки болаззате омода созед.

Бе ҷанг намешавад

Новобаста ба ҳамдигарфаҳмиву дӯстдорӣ дар ҳар як оила ҷангу ҷанҷол рух медиҳад. Сари чанд вақт қаҳру ғазаби дар дил ҷамъшударо ба якдигар гуфтан лозим аст. Дар дил нигоҳ доштани кинаву адоват рӯзе шуморо ба оилавайронӣ мерасонад. Танҳо дар сурати баҳси якҷоя аз вазъиятҳои душвор баромадан мумкин аст.

Зебоиро аз даст надиҳед

Шавҳаратон шуморо зеботарину хушқоматтарин бонуи олам мешуморида бошад, ин маънои онро надорад, ки мард як умр дар қавлаш устувор мемонад. Рӯзе фаро мерасаду мардакатон аз дидани махлуқи дамкардаву баднамуд дилгир шуда, ба ҷустуҷӯи ягон зебосанам мебарояд. Бахтатонро аз даст додан нахоҳед, як умр кӯшиши зебову раъно буданро намоед.

Ҷудоӣ дарди гарон аст

99,9 фисади зану шавҳарон ақаллан як маротиба фикри аз ҳам ҷудо шуданро кардаанд. Дар сурати дар ҳақиқат дӯст доштани шавҳар низ ин фикр ба сари ҳар як бону меояд. Қабл аз он ки саросема аз гиребони шавҳаратон гирифта талоқ талаб мекунед, нағзакак андеша намоед, зеро пушаймонӣ суд надорад.

Овоза накунед

Бонувону арӯсакони зиёде баъди анҷоми тӯйи арӯсӣ дарҳол суратҳои тӯёнаашонро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҷой намуда, хушбахт будани худро ба ҳама нишон додан мехоҳанд. Андеша намекунанд, ки аз хушбахтии онҳо на ҳама хушҳол мешаванд. Пеш аз реклама кардани хушбахтиатон дар бораи дугонаи худ, ки умре дар орзуи шавҳар аст, андеша намоед. Бар замми ин, на ҳама дар ҷойи кор ба шумо дӯсти содиқанд. Инро фаромӯш накунед.

Худро дӯст доред

Як умр ба камбудиҳои худ диққати зиёд медода бошед, гумон накунед, ки баъди тӯйи арӯсӣ ба фаришта мубаддал гашта, хислататонро низ тағйир медиҳед. Ба шавҳаратон раҳм намоед, аз ӯ дар як рӯз сад бор изҳори муҳаббат намуданро талаб накунед.

Ботлоқи зиндагӣ

Дар зиндагӣ ҳолатҳое мешаванд, ки гумон мекунӣ умр беҳуда мегузараду дар ботлоқе дармондаӣ. Барои тағйир додани вазъият шарт нест, ки муҳитро тағйир диҳӣ. Ин зинаи навест дар зиндагии шумо. Муҳаббати асил мисли майи хубест, ки бо мурури вақт тамъаш беҳтар ва қиматтару олитар мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД