Sebiston new 2024 october
12 рӯзноманигор дониши экологии худро тақвият доданд
3157

 

Аз 17 то 20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки 12 рӯзноманигор аз расонаҳои мухталифи ҷумҳурӣ семинари иртиботии лоиҳаи “Ширхӯрони Осиёи Марказӣ ва мутобиқшавӣ ба иқлим (CAMCA)) доир гардид.

Дар рафти семинар муовини менеҷери лоиҳаи UNEP Мартин Хоффман, директори CAMP “Табиат” Гулсара Мушкова, директори “Алифбои табиати Тоҷикистон” Мирзоназар Мирзоев ва коршиноси иртибототи экологӣ аз GRID-Arendal Лоран Фуинат ширкат ва маърӯза намуданд.

Дотсенти кафедраи журналистикаи миллӣ ва байналмилалии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Шаҳодат Саибназарова мураббигии семинарро бар ӯҳда дошт ва ба иштирокдорон нозукиву тарзи дуруст пешниҳод намудани маводи экологиро фаҳмонд.

Дар рӯзи дуюм рӯзноманигорон ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, воқеъ дар ҷануби кишвар, ки бо набототу ҳайвоноти зебои худ машҳур аст, сафар карданд, то оқибатҳои тағйирёбии муҳити зистро дар наздикии Мамнуъгоҳи давлатии таббии “Бешаи палангон” хубтар дарк кунанд.

Журналистон бо ҷамоатҳое, ки аз тағйирёбии иқлим зарар дидаанд, маъмурияти маҳаллӣ, посбонони мамнуъгоҳ, инчунин, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист вохӯрда, суҳбат намуданд. Ин кори амалӣ ба рӯзноманигорон имкон дод, ки зебоии табиии мамнӯъгоҳ ва мушкилоти марбут ба таъсири фаъолияти инсон ва тағирёбии иқлимро бинанд.

Ҳамзамон, ин семинар ба рӯзноманигорони тоҷик илҳомбахше гардид, то таваҷҷуҳи онҳоро ба инъикоси тағирёбии муҳити зист дар васоити ахбори омма афзоиш диҳад ва барои рушди ин таваҷҷӯҳ дар оянда заминаи мустаҳкам фароҳам орад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Ширхӯрони Осиёи Марказӣ ва мутобиқшавӣ ба иқлим (ШОММИ)” аз тарафи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист роҳбарӣ шуда, аз ҷониби Ташаббуси Байналмилалии Иқлим (IKI) Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани ҳифзи намудҳои асосии ҳайвоноти муҳоҷири ширхӯр дар Осиёи Марказӣ тавассути идоракунӣ ва қабули қарорҳо бо назардошти тағйирёбии иқлим мебошад. Тоҷикистон яке аз се кишварест, ки ба ҳифзи бабри барфӣ, оҳуи бухороӣ ва осиёӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД