arzon replenishment
12- фоидаи зан аз меҳрубонӣ
16.04.2022
ОИЛА
2331

 

Меҳрубонӣ на хислат, балки рисолати зан аст, бинобар ин, кӯшиш намоед, ки аз ин сифати беҳтарини инсонӣ бебаҳра набошед, охир, ин амал яке аз сифатҳои Худованди муттаол аст.

 1. Меҳрубонӣ фазои хонадонро гарму мунаввар менамояд ва занро мисли оҳанрабо азизу наздик месозад.

2. «Бо чеҳраи кушод бо мардум муошират намудан низ садақа аст»- омадааст дар ҳадисҳои Расули Акрам, пас, меҳрубон бошед, то савоби бештар насибатон гардад.

3. Ҳамсари хонуми меҳрубону хушсухан, ҳаргиз майл ба бегонае нахоҳад кард, зеро аҳмияту ғамхорӣ дар хонадонаш ба вай кифоят мекунад.

4. Марди дилатро меҳрубонии ту субҳу шом ҷониби хонаат раҳнамун мешавад.

5. Меҳмон ба хонаи зани меҳрубон бе фикри он ки азият намедода бошам, ворид мешавад ва ин кор ба Худо низ хуш меояд.

6. Фарзандонат дар фазои меҳру ғамгусорӣ тарбият ёфта, ба камол мерасанд, ки ин ба фоидаи ту аст.

7. Фарзандон ҳамеша ба падару модар тақлид мекунанд, ҳамеша, меҳрубониҳои имрўзи ту ба волидайнро онҳо фардо такрор хоҳанд кард.

8. Меҳрубни хуб аст, вале ҳама кор ҳадди эътидол дорад. Нагузор, ки фарзандони хурдсолат аз ин меҳрубониҳо аз худ рафта, эркаю танбалу коргурез шаванд.

9. Меҳрубониро тарзе истифода бар, ки мушкилкушоят гардад, на мушкилсоз.

10. Беодоберо дар кўча бо меҳрубонӣ тарбият кардан хатои маҳз аст, гапи хуб аз меҳрубонӣ фарқ дорад, инро аз ёд мабар!

11.   Биҳишти мо дар ин дунё волидайнанд, борони меҳру хубиро ба сари эшон рез ва роҳхат ба фардои бароҳатро мунтазир бош.

12. Зиндагӣ хеле кўтоҳ аст, намедонӣ фардо ба ту чӣ ҳодиса рўй медиҳад, аз ин рў, инсон буданро фаомўш накун.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД