Дар вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли равон дастикам 121 нафар падарон аз пардохти алмент ба фарзандони ноболиғашон саркашӣ кардаанд. Бино ба гуфти Алиҷон Амонзода, сардори Хадамоти иҷро дар Вилояти Суғд, падароне, ки аз пардохти қарзи алимент саркашӣ кардаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар ин нимсола 121 нафар алиментсупорандагон бинобар саркашӣ кардан аз пардохти алимент ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шудаанд.
Бино ба гуфти Амонзода, нисбати 121 нафар падароне, ки маблағи алименти фарзандони хурсолашонро насупурдаанд, пешниҳодҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, аз ин шумора 73 нафар маблағи алиментро супурданд.
11 падаре, ки аз додани алимент ба фарзандонашон қатъан саркашӣ менамуданд, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Ҳамзамон нисбати 61 нафар барои надодани алимент ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ё ҳатмӣ муқаррар гашта, як падар барои пардохт накардани алимент ҷарима карда шудааст.
Сабаби дигари сари вақт напардохтани пули алиментро Амонзода дар дигар кардани манзили зист медонад. Ба гуфтаи Амонзода дар ин шашмоҳа нисбати 41 нафар алиментсупорандагони қарздор аз тарафи мақомоти судӣ санадҳои судӣ дар бораи эълон намудани кофтукоби қарздорон қабул гардида, барои иҷроиш ба мақомоти милитсияи вилоят дастрас гардидааст.
Сафи падарони саркаш меафзояд.
Сафи падарони саркаш, ки “ду пойро ба як мӯза андохта” аз пардохти қарзи алимент мегурезанд, торафт зиёд шуда истодааст. Ба гуфти масъулини Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шашмоҳаи соли равон 121 ҳолати саркашӣ аз пардохти пули алиментро қайд кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 6 ҳолат зиёд аст. Он қарздороне, ки роҳи раҳоӣ аз алиментиро дар сафар ба хориҷи кишвар мебинанд, минбаъд нақшаи муғризонаи худро амалӣ карда наметавонанд, зеро масъулини сохтори болозикр ному насаби афроди қарздорро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудаанд ва онҳо то замони пардохти қарз наметавонанд ба хориҷа сафар кунанд.Дар ҳолати насупоридани маблағи алимент судҳо метавонанд падарони саркашро мутобиқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида, аз озодӣ маҳрум намояд.
Ҷазоро барои насупурдани алимент пурзур гашт
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз -2- январи соли 2018 таҳти № 1472 ба моддаи 177-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, ҷазо барои надодани алимент пурзур карда шудааст. Аз модда ибораи “бештар аз се моҳ” хориҷ карда шуда, қисми 2-моддаи 177 КҶҶТ аломати такрориро пешбинӣ намудааст.
Тиқби талаботи моддаи 177, қисмҳои 1-2 КҶҶТ барои барқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон, қонунгузор ҷазоҳои интихобиро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ намудааст.
1 соли зиндон барои надодани алимент
Шаҳрванд А. бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд ӯҳдадор шудааст, ки барои таъминоти ду фарзанди ноболиғаш тариқи устувор ба фоидаи ҳар як фарзандаш ба миқдори 200 сомонӣ, яъне ҳар моҳ 400 сомонӣ алиментро то ба синни балоғат раисдани онҳо ба фоидаи ҳамсараш пардохт намояд. Инчунин бо ҳалномаи суд аз ҳисоби шаҳрванд А. ба фоидаи ҳамсараш то синни сесолагии фарзандаш ба маблағи 100 сомонӣ рӯёнида шудааст. Мутаассифона шаҳрванд А. аз давраи бо ҳалномаи суд ӯҳдадор гардиданаш то инҷониб бе ягон сабаби узрнок аз пардохти маблағи алимент ва иҷрои ҳалномаи суд барқасдона саркашӣ кардааст. Ӯ ҳамагӣ 600 сомонӣ алимент супурда, баъдан бо баҳонаҳои гуногун аз пардохти алимент саркашӣ менамудааст ва бо ин амали худ ба ҳамсараш, ки ду фарзанди ӯро нигоҳубин мекунад, дар маҷмӯъ 4800 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Бо ҳукми суд номбурда бо моддаи 177, қисми -1-и КҶҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ин падари саркаш ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 сол таъин шудааст.
На пулаш даркору на худаш мегӯяд, аммо...
Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе мавридҳо занҳое, ки бо фарзанд аз шавҳарашон ҷудо шудаанд дар аввал бо ибораи “ба пули ӯ зор нестам”, “фарзандамро худам калон мекунам”, “на пулаш даркору на худаш” ҳисси бадбинияшонро нисбат ба шавҳарашон иброз медоранд, аммо баъди он ки мешунаванд шавҳарашон оилаи дигар бунёд кардааст, ба аризанависӣ ва даъво болои ҳамсарашон сар мекунанд. Аксар занҳое, ки барои алимен ва ё маскун шудан дар хонаи шавҳар муроҷиат ва шикоят мекунанд, аслан ниёз ба алименпулӣ ва хонаи шавҳар надоранд, вале бо ин роҳ мехоҳанд аз собиқ шавҳарашон қасос гиранд ва оромии ӯву оилаашро барҳам зананд.
Бархе аз ин занҳо ошкоро мегӯянд, ки “аслан ин пул ё хона ба ман даркор нест, вале шунидам, ки шавҳарам ману фарзандамро ба ҳоли худ монда зани дигар гирифтааст, аз сари қаҳр ариза навиштам”- мегӯянд масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.