1. Дар урфият мегӯянд, ки бо чеҳраи кушод сухан кардан ҳам садақа ҳисоб мешавад. Имрӯз мо атрофи чеҳраи кушода, табассум, нармсуханӣ ва ширинзабонӣ сухан мегӯем.
2. Ҳамеша нарму мулоим сухан кун, зеро чеҳраи кушода як рукни мусалмон будан асту ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад.
3. Агар бар сарат санг борида бошад ҳам, ҳангоми ба хонаат омадани меҳмон ӯро бо табассум пешвоз гир.
4. Ҳангоми хашм худро ба даст гирифтану чеҳраро турш накардан, одати бонувони нағиба аст.
5. Бо пайвандон ҳамеша бо меҳрубониву хураммӣ ҳарф бизан, зеро онҳоро интихоб намекунанд.
6. Хонадорӣ давлатдорӣ аст мегӯянд мардум, агар бо ҳамсар ғангу ғанғол кардаӣ, ҳеғ гоҳ аламатро аз хешовандони вай нагир, зеро шумо боз оштӣ мекунед, вале дили ранғидаи онҳоро хурсанд намудан осон нест.
7. Бо ҳамсарат дар назди фарзандонат бо чеҳраи гирифта ҳарф мазан, ситеза макун, зеро онҳо инро як муносибати муқаррарӣ дониста, фардо такрор мекунанд.
8. Бо ҳамсарат гапат гурехта бошад ҳам, онро назди фарзандон аён масоз, падарашонро бад магӯ, зеро иззати падарашон дар назди эшон паст хоҳад шуд.
9. Одаме, ки чеҳраи кушода дорад, ба дилҳо фараҳ меорад. Бонуеро, ки ҳамеша дар лабаш мавғи ханда ҳувайдост, ҳама дӯст медоранд.
10. Чеҳраи кушода ҳаргиз маънои онро надорад, ки бо ҳама меҳрубон бошӣ, зеро баъзеҳо нармгуфториро аз содагӣ фарқ намекунанд.
Маҳфилу маъракаро дида, инсонҳоро санғида, гунаи онҳо рафтор намо.
11. Занро ҳамеша ба гул монанд мекунанд, гул чеҳраи кушодаву гарму хандон дорад, ҳамеша зебову ботаровату хандону шукуфон бошед, дугонаҳои гулам.