Arzon admin
11 ҳазор либоси мактабӣ ва 19 корхонаи нав дар Бадахшон
192

Корхонаҳои дӯзандагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мавсими нави хониш омодагии хуб дида, барои мактаббачагон зиёда аз 11 ҳазор либоси мактабӣ дӯхтаанд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Тавре раиси вилоят гуфт, бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаш моҳи соли равон дар Бадахшон 19 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст. Корхонаҳои нави саноатӣ асосан бо коркарди мева ва гӯшту маҳсулоти гӯштӣ машғул мешаванд.

Дар қаламрави вилоят ҳамчунин фабрикаи мурғпарварӣ, ду хоҷагии калони моҳипарварӣ, корхонаи истеҳсоли шир ва маҳсулоти ширӣ, гиёҳҳои шифобахши Бадахшон, равғани ангат, коргоҳи макаронбарорӣ, корхонаи калони сангбарорӣ ба истифода дода шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ 94,9 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,8 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар назар аст, ки то охири сол дар Бадахшон 30 корхона мавриди истифода қарор дода шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД