Зар, ки онро тилло ҳам меноманд, натанҳо сарвату боигарӣ, балки манбаи саломатӣ низ мебошад. Зарро дар намуди холис аз регҳои дарёҳо ва аз таркиби сангҳо ҷудо карда, ҳосил менамоянд. Мизоҷаш муътадил аст, каме моил ба гармӣ ва андак рутубати табиӣ дорад.
Хусусиятҳои шифобахши тилло:
Агар зарро бихӯранд, моддаҳои ғафси дар бадан бударо рақиқ-тунук мегардонад, дил ва майнаро қувват мебахшад. Ҳарорати табии бадан, яъне гармии модарзодиро устувор медорад, фикрро қавӣ ва фаросат (фаҳмиш)-ро тез мекунад.
Барои бемориҳои дил, майна, ҷигар, меъда, заҳра, сипурз, гурда, хичак, бачадон, боҳ, бемориҳои сафровӣ ва савдовӣ ба монанди: дилтапак (дилбозӣ), васвос, тарсончакӣ, ваҳмак, ҳузн, девонагӣ, саръ, чарх задани сар, сустии меъда ва ҷигар, зардпарвин, бавосирҳои гуногун, сустии гурда давои хуб мебошад.
Зар баданро фарбеҳ месозад ва барои иллати махав доруст. Тиллоро бо навшодир ҳал карда бихӯранд, заҳрро аз бадан хориҷ мегардонад. Аз зар ангуштар сохта, дар ангушт бидоранд, милкаки нохунро шифо мебахшад, саръ (припадка)-и тифлон ва дардҳои гуногуни буғумҳоро дафъ мекунад.
Доштани тилло ва нигоҳ кардан бар он сурур мебахшад, андӯҳро дур мекунад, дилро қувват медиҳад, хандон мегардонад. Чун гӯшро бо сӯзани тилло сӯрох кунанд, ҳеҷ вақт он сӯрохӣ баста намегардад. Чун тифлонро дар зарфи тилло шир, таом ва дору диҳанд, зуд забонашон баромада, ба сухан меоянд, фарбеҳ, пурдил ва далер мегарданд ва аз саръи тифлона эмин мешаванд.