Қулфинай на танҳо бо мазза ва накҳати гуворояш машҳур аст, балки хусусиятҳои зиёди табобатӣ низ дорад. Ҳангоми қулфинайро дар яхдон гузоштан он ях карда, таъми худро гум мекунад, вале таркиби витаминҳо ва минералҳояш бетағйир боқӣ мемонад. Ин меваи саршор аз витамин ва минералҳо махсусан барои бонувон муфид буда, ба барқарор кардани зебоӣ ва ҷавонии пӯст мусоидат менамояд. Имрӯз мо дар бораи манфиатҳои қулфинай ба шумо маълумот медиҳем.
Қулфинай иммунитети инсонро пурқувват месозад
Барои баланд гардонидани масунияти бадан дар ҳар фасли пухтарасӣ қулфинай истеъмол намудан зарур аст. Новобаста аз он, ки қулфинай меваи ширин ҳисобида мешавад, дар таркиби он миқдори шакар ниҳоят кам мебошад. Барои муқоиса, дар таркиби лимӯи зоҳиран хеле турш шакар нисбат ба қулфинай зиёдтар аст.
Сарат дард кунад, кулфинай хӯр!
Дар таркиби қулфинай моддаҳое мавҷуданд, ки ба дорувории бедардкунанда монанданд, бинобар ин, ҳангоми дарди сар хӯрдани қулфинай хело манфиатовар мебошад.
Қулфинай - манбаи зебоӣ
Дар рӯятон доғи кунҷидак ва холчаҳои майда мавҷуд бошанд, бо воситаи ниқоби қулфинай шумо метавонед онҳоро тамоман ноаён гардонед. Афшураи қулфинай доғи кунҷидак ва гармичаро равонда, таровати ҷавониро нигоҳ медорад. Бо малҳами меваи қулфинай шукуфаро низ дармон мебахшанд.
Қулфинай хотираро мустаҳкам месозад
Қулфинай барои мустаҳкам намудани хотира ва тез пир нашудани ҳуҷайраҳои мағзи сар манфиатовар мебошад. Дар тиби қадим қулфинай воситаи муҳими парҳезӣ ва давобахш маҳсуб мешуд. Табибон онро барои пешгирии пирӣ истифода мекарданд.
Қулфинай - давои ҷигар
Табибони халқӣ пештар меваи тару хушк, афшура, барг ва решаи қулфинайро ҳангоми бемориҳои гуногуни ҷигар (холесистит, зардпарвин, гепатити кӯҳна, дарди санги талхадон) ва роҳи меъдаю рӯдаҳо (гастрит ва энтероколити музмин, бавосир ва ғ.) истифода мебурданд.
Қулфинай бихӯр ва солим бош!
Ин меваи лазиз барои кори бонизоми узвҳои пешоброн (қабзияти пешоб, дарди санги масона) низ фоида дорад. Қулфинайро барои табобати табларза (чун давои арақовар), камхунӣ, тарбод ва ниқрис низ истифода мебаранд. Меваи қулфинайро барои табобати назлаи меъда, қабзият, ғалаёни хун, атеросклероз ва афтонидани кирмҳо ба кор мебаранд.
Бӯйи бади даҳонро нест мекунад
Баҳри рафъ намудани бӯйи нохуши даҳон бо афшураи мева ва барги қулфинай ғарғара мекунанд.
101 фоидаи дигари қулфинай
Дар тиби илмӣ меваи қулфинай ба сифати ғизои парҳезӣ, ҳозим ва хунофар ҳангоми бемориҳои гуногуни меъда, ҷигар, дилу рагҳо, аз қабили миокард, бемории ишемияи дил, кардиоатеросклероз, ғалаёни хун, камхунӣ, ихтилоли мубодилаи намак ва ниқрис тавсия дода мешавад. Ашхосе, ки узвҳои пешобашон санг дорад, бояд аз ҷӯшоби мева ва барги қулфинай истифода кунанд.
Қулфинай хӯред ва ҳамеша солиму ҷавону зебо бимонед!