Arzon march 2024
101 БАЧАИ ХОНАРО РАД КАРДА, БА МАРДИ ЗАНДОР ЗОР ШУДАМ
5778

 

Дар ҷавонӣ чандин хостгоронро аз дари хонаамон ноумед гусел карда, имрӯз таънашунави янгаҳо гаштам. Ба наздикӣ волидонам маро бо ҷавонмарде фотиҳа карданд, ки бо ду фарзанд оилавайрон шудааст. Ҷавони хуб метобад, вале дамдузд ва хаёлӣ аст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бо марди зандида чӣ тавр оила бунёд кунам?

Фаридаи Давлат, сокини н. Варзоб

 

Маслиҳати равоншинос

Зиндагӣ бо марди навакак аз таноби зандорӣ раҳоӣ ёфта аз назари илми равоншиносӣ ба гаштугузор дар замини мина хобонидашуда баробар аст. Камтарин хатогӣ метавонад ҳамаро барбод диҳад.

Рост ба чашмони номзад ба мақоми домодӣ нигариста ошкоро пурсед: «чаро аз зани аввалаат ҷудо шудӣ?» ва диққат диҳед, ки чӣ гуна рафтор мекунад. Одатан мард хомӯш мемонад, гӯё саволатонро нашунидааст ё ба фикр ғӯтавар мегардад. Дар ҳарду ҳолат ҳам донед, ки ҳанӯз ҷароҳати равонияш шифо наёфтааст. Мабодо мард худаш дар ин бора пайваста гап занад, нишонаи бад аст. Ин рафтори мард аз он шаҳодат медиҳад, ки вай то ҳол ба худ наомадааст. Тафсилоти аз зани якумаш ҷудо шудани шавҳаршавандаатонро донистан хоҳед, беҳтараш аз наздиконаш дар ин хусус пурсон шавед.

Мушкили дуюми бонуе, ки ба марди зандида ба шавҳар мебарояд, аллакай соҳиби фарзанд будани домодшаванда аст. Одатан хонумҳои ҷавон шавҳарашонро ба фарзандони аз никоҳи пештара будааш рашк мекунанд. Кӯшиш намоед, ки ҳеҷ гоҳ ба чунин хатогӣ роҳ надиҳед. Фаромӯш накунед, аз зан ҷудо шудан мумкин, вале аз фарзандон не! Масъалаи сеюм: марди навакак аз занаш ҷудошуда дар аввал ба тасалло ва ғамхорӣ ниёз дорад. Мардони меҳрубонтарин ҳам дар ин давраи ҳаёташон ба куллӣ тағйир меёбанд. Ба ақидаи равоншиносон ду сол лозим аст, то мард барои оиладории нав омода гардад. Аз ҳамин лиҳоз, ба шумо маслиҳат медиҳем, ки баъди тӯй сабру таҳаммулро пеша намоед.

Таҳияи Меҳрубон

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД