Бори аввал дар Тоҷикистон аз 26 то 30-юми апрел мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм дар доманакӯҳҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гузаронида мешавад. Ин чорабинии варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии «Дипсервис» баргузор мегардад.
Дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгарони машҳур аз давлатҳои Аврупо, Амрико, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат ва қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Мусобиқа рӯзи 28-уми апрел бо барномаи фарҳангӣ оғоз мегардад.