Норасоии витаминҳо дар ҷисм бо фаро расидани фасли баҳор ба авҷи аъло мерасад. Аз хушкшавӣ ва сурхшавии пӯст, ҳамчунин пайдо шудани доғҳои тира, яъне пигменњо фаҳмидан мумкин аст, ки ба ҷисми шумо витамин намерасад. Рафту сурхшавии пӯсти рӯй бо косметика ва фишори руҳӣ алоқаманд бошад, баъди иваз кардани маводи косметикӣ, ва ором шудани асабҳо он ба ҳолати пештарааш бармегардад. Вақте иллат дар норасоии витаминҳо бошад, то онро барқарор насозед, пӯсти шумо тароват пайдо намекунад. Пас, чӣ бояд кард?
Субҳу шом ба пӯсти рӯятон малҳамҳои витаминдор молед. Малҳамҳои дорои витамини Е (барои ҳама намуди пӯст, хусусан пӯсти ҳассос), витамини А – ретинол (тамоми намуди пӯст, хусусан пӯсти калонсол ва носолим), малҳами дорои спирулин (барои пурқувват кардани пӯсти калонсол), малҳами прополисдор (барои пӯсти равғанин), витамини С (сафед кардани пӯсти тираву доғзада). Бояд қайд кард, ки организми инсонҳо гуногун аст, ва метавонад аз витаминҳои таркиби малҳам аллергия пайдо кунад. Бинобар ин, пеш аз истифода аввал малҳами витаминдорро ба гардан молида, шабона нигоҳ дореду субҳ натиҷаашро бубинед. Рафту пӯстатон ангеза дошта бошад, аз намудҳои дигари малҳам истифода баред.
Витамин хӯред!
Танҳо молидани малҳамҳои витаминдор ба пӯсти рӯй кифоя нест, шумо бояд ҷисматонро бо витаминҳои гуногун таъмин кунед. Тиамин (В1) пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад, ва бештар дар таркиби маҳсулдоти донагӣ, моҳӣ, гӯшт, хамиртуруш, орди ҷав мавҷуд аст.
Рибофлавин (В2) ранги пӯстро ботароват ва доғҳоро тоза карда, дар таркиби помидор, ҷигар, тухм, маҳсулоти ширӣ, ва меваҳои шафтолуву нок зиёд аст.
Пиридоксин (В6) нараки пӯстро табобат мекунад, дар таркиби банан, моҳии серравған, биринҷ, авокадо, гандуми сабз вуҷуд дорад.
Сианокобаламин (В12) ба ҷавоншавии пӯст мусоидат карда, дар таркиби гӯшти гов, помидор, маҳсулоти ширӣ вуҷуд дорад.
Ҷавҳари аскорбин (витамин С) пӯстро ҷилло мебахшад, рагчаҳоро пурқувват карда, яраву захмҳои хурди пӯстро шифо мебахшад. Дар таркиби меваҳои ситрусӣ, қорти сиёҳ (смородина), марминҷон, хуч, ва карами очонидашуда ин витамин хеле зиёд аст.
Витамин D пиршавии пӯстро пешгирӣ, сурхиву хоришашро рафъ месозад. Дар таркиби моҳӣ, тухм, равғани моҳӣ вуҷуд дорад.
Витамин Е аз таъсири зарарноки нурҳои офтоб ҳифз мекунад. Норасои онро бо истеъмоли равғанҳои офтобпараст, зағир, каду, зайтун, ва ҷуворимакка барқарор сохтан мумкин аст.
Витамин К варам, доғҳои тира, ва дори кунҷитакро рафъ карда, дар таркиби карам ва маҳсулоти нонӣ зиёд аст.
Витамини РР пӯстро аз доғҳо тоза карда, рагҳои капелляриро мустаҳкам намуда, рӯйро ботароват месозад, ҳамчунин таъсири муҳофизатӣ дошта, уффунати пӯсти рӯйро баланд мекунад. Дар таркиби ҷуворимакка, оби ҷав, гӯшти гов, гандум, марҷумак вуҷуд дорад.
Биотин (витамин Н) қувваи мухофизатии пӯстро зиёд карда, мубодилаи моддаҳоро ҳам дар ҷисм, ва ҳам дар пӯсти рӯй метезонад, ки барои азнавсозии пӯст хеле муфид аст. Онро аз таркиби зардиҳои тухм, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт пайдо кардан мумкин аст.