arzon replenishment
10 талаби зан аз мард
15.01.2022
ОИЛА
3086
no-img

 

Аксари мардон бар он андешаанд, ки ба зан хона, мошин, зару зевар ва пули зиёд лозим аст, вале ин ақида комилан ғалат аст. Барои хушбахтӣ ба зан чизи бисёр лозим нест. Донистан мехоҳед, ки зан аз мард чӣ мехоҳад? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

 

Меҳрубонӣ

Ҳар як бону мехоҳад мардаш ҳамеша ҳамроҳаш бошад. Хонумҳо хеле нозуканд, ҳар як чизи нобоб табъашонро озурда намуда, дилашонро аз оламу одам хунук месозад. Ана дар ҳамин лаҳзаҳои душвор мард бояд дар паҳлӯи зан бошад. Занҳо бадрашканд, ҳатто аз мард бадрашктар. Ҳамин ки аз хонуматон дур шудед, гумон мекунад, ки бо бонуи дигаре дилхушӣ доред.

Миннатдорӣ

Зан мехоҳад дар назди мард қадр дошта бошад. Барояш ҳар як сухани мард муҳим аст. Хӯроки пухтаашро таъриф карда, мард сари занро ба осмон мерасонад.

 

Иззати нафс

Ба занҳо мардоне маъқуланд, ки иззати нафс дошта бошанд. Ин маънои дар зиндагӣ марому мақсад доштани мардро дорад. Кӯшиши ба мақсад расидан қадру қимати шуморо дар назари зан баланд мебардорад. Пурсишҳо нишон додаанд, ки занҳо мардони меҳнатдӯсту иззати нафс доштаро қадр мекунанд.

 

Зиндагидӯстдор

Меҳнатдӯстӣ хуб аст, вале истироҳат кардану аз ҳаёт баҳра бурда тавонистан ҳунар. Занҳо марди меҳнатдӯстеро, ки пурра бо кор банд шуда, барои зану фарзанд вақт намеёбанд, аз ҳаёти худ хат мезананд. Худованд гили шуморо аз меҳнат сиришта бошад ҳам, истироҳат карданро фаромӯш насозед. Зиндагидӯстдорӣ ва озодидӯстдориятонро ба зан нишон диҳед, он гоҳ хонуматон шуморо тоҷи сар хоҳад кард.

Хоксорӣ

Тавре мегӯянд «хоксорӣ зиннати инсон аст», мард бояд дар лаҳзаҳои даркорӣ хоксор бошад, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамеша хомӯшӣ ихтиёр намоед. Кӯшиш кунед, ки ба дастовардҳо ноил гаштанатонро бонуи писандидаатон эҳсос намояд, вагарна ба назари зан қашоқу бенаво намуда, аз муҳаббаташ бенасиб мемонед.

 

Беназир бошед

Ҳар як инсон ба таври худ нодир аст, зеро ҳунару қобилиятҳои танҳо ба худаш хос дорад. Беназир буданатонро нишон дода, шумо ба осонӣ дили занро ба даст меоред.

Хунсардӣ

Бо ин хислат андаке боэҳтиёт бошед, чунки мабодо аз ҳад гузаред, занро аз худ дур месозед. Худдорӣ ва ботамкиниро занҳо қадр мекунанд. Хунсардӣ дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ аз пурзӯр ва такягоҳи боэътимод будани мард дарак медиҳад.

Шӯхтабъӣ

Дили нафареро шод намудан ҳунар аст. Хонумҳо мардони бозарофатеро, ки занро хандонда метавонанд, дӯст медоранд. Бо ҳазлҳои намакин шумо метавонед ба осонӣ дили маликаи орзуҳоятонро ба даст биёред.

Самимӣ бошед

Аз ҳама муҳимаш дар суҳбат бо зан на мавзуъ, балки тарзи гуфтор аст. Вақте садо зинда асту аз сидқи дил мебарояд, мардро дар назари зан ҷолибтар месозад. Барои ҳамин ҳангоми суҳбат бо хонумҳо самимӣ бошед.

Шуҳрат

Мардҳои шуҳратманд дар ҳамаи давру замонҳо диққати занҳоро ба худ ҷалб мекарданду мекунанд. Зане, ки дар паҳлӯи шумо қадам мезанад, аз он ки ҳатто ҳамсояҳои бинои дигар ба шумо салом медиҳанд, фахр мекунад. Вақте шуморо ҳурмат мекунанду дӯстони зиёд доред, зан ҳам нисбати шумо эҳтироми дучанд пайдо намуда, мафтунатон мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД