1xbet
10 сухани тиллоии Пешвои миллат дар боби Истиқлол
09.09.2025
Oila.tj
59

Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва Истиқлол аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.

***

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони Истиқлол ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин омил давлату миллатамонро аз хатари парокандашавӣ нигоҳ дошт.

***

Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошанд.

***

Истиқлол дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард.

***

Истиқлоли Тоҷикистон натиҷаи талошҳои тўлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Андешаи Истиқлол ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.

***

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ имкониятҳои бузургро фароҳам овард, ки арзишҳои маънавию динӣ ва мазҳабии мо боз ҳам такомул ёбанд. Бигузор парчами Истиқлол ва сулҳу ваҳдат раҳнамову ҳидоятгари мо ба сўйи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона бошад!

***

Арзиши Истиқлолу озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлол бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор мекунад.

***

Вазифаи аввалиндараҷаи мо Истиқлоли давлатиямонро мустаҳкам карда, насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин, эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.

***

Расидан ба қадри Истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

***

Насли хушбахти замони Истиқлол ва фарзандони Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бояд Ватани худро сидқан дӯст доред ва барои дар оянда ба таври шоиста муаррифӣ кардани он аз имрӯз омода бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД