goodwell
10 сабаби асосии якбора фарбеҳ шудани инсон
20.06.2026
Oila.tj
61

Шумораи одамоне, ки  аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд, дар саросари ҷаҳон торафт меафзояд ва фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. Аз ин рӯ бо мақсади пешгирии фарбеҳӣ ба шумо-хонандагони азиз дар бораи сабабҳои ҷамъшавии равған дар организм ва сарчашмаҳои асосии мушкилоти вазни зиёдатӣ маълумот медиҳем.

Омили 1

Сустшавии ҷараёни мубодилаи моддаҳо

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки фарбеҳӣ аз пурхӯрӣ аст, вале дар асл одамон на ҳамеша бо сабаби бисёр хӯрок хӯрдан бо мушкилоти вазни зиёдатӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Омилҳои афзоиши вазни бадан зиёданд ва яке аз онҳо сустшавии мубодилаи моддаҳо дар организм мебошад.  Бо мурури замон ва боло рафтани синну сол ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар ҷисми инсон суст шуда, сатҳи тестостерон ва як қатор ҳормонҳои дигар, аз ҷумла эстроген пас мешавад. Ин ба қобилияти ҷисм дар сӯзондани калорияҳо таъсири манфӣ расонида, боиси ҷамъ шудани равған-чарбҳо дар шикам, камар, сӯрин ва сина мегардад.

Омили 2

Пасту баланд шудани ҳормонҳо

Вайроншавии мувозинати ҳормонӣ сабаби дигари афзоиши вазни бадан мебошад. Аз ҷумла баланд шудани сатҳи инсулин метавонад ба ҷамъшавии равған дар ҷисм ва пайдоиши мушкилоти фарбеҳ оварда расонад. Ихтилоли эндокринӣ ва дисфунксияи ғадуди сипаршакл (гипотиреоз) ё дисфунксияи adrenal метаболизмро суст намуда, ба афзоиши вазн мусоидат мекунад.

Ногуфта намонад, ки ҳамчунин синдроми Кушинг, ки бо зиёд шудани истеҳсоли кортизол алоқаманд мебошад, боиси зиёд шудани вазни инсон гашта метавонад, чунки кортизол майли шахсро ба хӯрокҳои серкалорияро зиёд гардонида, боиси ҷамъ шудани равған дар шикам мегардад.

Омили 3

Ҳомилагӣ

Афзоиши вазн инчунин метавонад бо ҳомилагӣ ё давраи баъди таваллуд алоқаманд бошад. Бояд гуфт, ки дар ин давра дар организми зан тағйироти гормоналӣ ба амал омада, ба иштиҳо ва мубодилаи моддаҳо таъсир мерасонад. Аммо афзоиши вазни зан дар давраи ҳомиладорӣ як раванди муқаррарии физиологӣ буда, маъмулан пас аз таваллуд бо мурури замон вазн ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Омили 4

Истеъмоли ғизои носолим

Албатта сар задани мушкилоти фарбеҳӣ бо ғизое, ки инсон ҳамарӯза истеъмол мекунад, алоқамандии зич дорад. Хӯрданиҳои дорои қанди зиёд ва равғаннокиашон баланд, аз ҷумла торту шириниҳо, обҳои газнок, фасфуд ва гӯшти бирён сатҳи инсулинро зиёд намуда, боиси афзоиши иштиҳо мегарданд ва дар натиҷа вазни бадан зиёд шудан мегирад. Хоҳед, ки хушқадуқомат ва зебо монед, аз чунин хӯрданиҳо парҳез кунед ё ба миқдори кам истеъмол намоед.

Омили 5

Стресс ва мушкилоти равонӣ

Сабаби дигари фарбеҳӣ стресс ва мушкилоти равонӣ мебошад. Гап дар он аст, ки ҳангоми стресс, депрессия ё хастагии равонӣ аксари одамон худашон инро нафаҳмида аз меъёр зиёд хӯрок мехӯранд ва мехоҳанд бо истеъмоли шириниҳо ва хӯрокҳои бомаззаи сергӯшту равғанӣ  худро ором созанд. Дар натиҷа ба стресс ва хастагии равонӣ мушкили фарбеҳӣ зам мешавад.

Ногуфта намонад, ки бар асари фишори доимӣ, бадан гормони кортизолро аз меъёр зиёд истеҳсол намуда, мубодилаи моддаҳо вайрон мешавад ва ҳамаи ин боиси ҷамъ шудани равған дар шикам мегардад, бинобар ин, идоракунии стрессро омӯзед ва ба ҷойи худро бо шоколад ором намудан ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед.

Омили 6

Ирсият-генетика

Омилҳои генетикӣ низ метавонанд дар афзоиши вазни бадан нақши муҳим бозанд ва ба раванди мубодилаи моддаҳо таъсир расонанд. Дар баъзе одамон  мазҳ генҳо муайян мекунанд, ки чӣ тавр бадан  маводи ғизоиро ҷаббида мегирад ва калорияҳоро месӯзонад. Агар аҳли авлод, махсусан падару модар ва бобою бибӣ фарбеҳ бошанд, дар наслҳои оянда хатари сар задани мушкилоти фарбеҳӣ вуҷуд дорад, вале омили генетикӣ идорашаванда буда, шахс метавонад бо тарзи ҳаёти солим ва ғизои дуруст вазни худро назорат намояд.

Омили 7

Тағйироти синнусолӣ

Фарбеҳӣ бо тағйироти синнусолӣ низ алоқаманд буда метавонад, зеро бо гузашти умр мубодилаи моддаҳо дар ҷисми инсон суст мешавад ва бадан камтар энергияро сарф мекунад. Ин як раванди табиӣ мебошад, аммо боиси афзоиши вазн гашта метавонад. Қобили зикр аст, ки хатари дучор гаштан бо мушкилоти фарбеҳӣ дар занҳои синну солашон аз 40-сола боло бо сабаби тағироти гормоналӣ, аз ҷумла паст шудани сатҳи эстроген, пас аз менопауза зиёдтар аст.

Омили 8

Таъсири доруворӣ

Баъзе доруҳо низ метавонанд боиси афзоиши вазни бадан гарданд, махсусан табобати гормоналӣ, истифодаи антидепрессантҳо, доруҳои диабети қанд ва баъзе намудҳои контрасептивҳо ба ин қатор дохил мешаванд. Агар пас аз истифодаи ягон дорӯ вазни баданатон якбора зиёд шавад, ҳатман бо табиби худ маслиҳат намуда, он доруро иваз намоед ва ба ҷояш аз доруи дигар истифода баред.

Омили 9

Бехобӣ ё аз меъёр кам хобидан

Инсон дар як шабонарӯз бояд на камтар аз 8 соат хоб равад. Бехобӣ ё аз меъёр камтар хобидан мувозинати гормонҳои танзимкунандаи иштиҳо: лептин ва грелинро вайрон мекунад. Лептин барои эҳсоси серӣ масъул аст, дар ҳоле ки грелин гуруснагиро танзим мекунад. Вақте ки шахс ба қадри зарурӣ намехобад, сатҳи лептин кам шуда, сатҳи грелин зиёд мешавад. Дар натиҷа иштиҳо кушода шуда, вазни бадан торафт меафзояд. 

Омили 10

Камҳаракатӣ 

Сабаби дигари фарбеҳӣ камҳаракатӣ аст. Дар замони муосир аксари одамон рӯзи дароз дар офис нишаста кор мекунанд. Дар натиҷа бадан энергияи аз ғизо гирифташударо ба пуррагӣ сафр намекунад ва ин метавонад ба фарбеҳӣ бурда расонад, бинобар ин, ҳатман бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан  лозим аст.

Барои ба толори варзишӣ рафтан вақт надошта бошед, ақаллан дар хона машқҳои пагоҳирӯзиро иҷро кунед ва бештар пиёда роҳ гардед. Сайругашт дар ҳавои тоза барои саломатӣ муфид буда, фарбеҳиро пешгирӣ менамояд ва шумо ҷавону зебову бардам мемонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД