arzon replenishment
10 роҳи арӯсёбӣ
7066

 

Ишқатонро пинҳон надоред

Аксаран мардҳо кӯшиш мекунанд, ки дӯст доштанашонро ба духтари дӯстдоштаашон нишон надиҳанд, ҳол он ки бепарвоию дилсардии ҷавонмард шуълаи муҳаббатро ба зудӣ дар дили зан хомӯш месозад. Бигзор духтар донад, ки шумо нисбати ӯ дар дил муҳаббат доред, вале дар наздаш ба зону зада, кӯшиши аз осмон ситора оварданро накунед. Ба духтари дӯстдоштаатон тавре изҳори муҳаббат намоед, ки дар симои шумо одами ҷиддиро дида, барои аз даст надодани чунин марди асил талош варзад.

Ҷиддӣ бошед

Фаромӯш накунед, агар духтар ба марде эътимод пайдо кунад, сад шоҳзодаи дигар аз пасаш давида гарданд ҳам, вай ҳамонеро интихоб мекунад, ки ба ӯ бовар дорад. Шояд ин сатрҳоро хонда шумо гумон кунед, ки ҳар қадаре ба духтар ваъдаи бештар диҳед, ҳамон андоза ба бовариаш медароед, вале дар асл чунин нест. Бонувон ба мардоне, ки худро таърифу тавсиф намудану лоф заданро дӯст медоранд, умуман бовар намекунанд.

Ваъдаи бахт диҳед, аммо…

Ба духтар фаҳмонед, ки шумо ӯро дӯст медоред ва тайёред барои хушбахт намуданаш камар бандед, вале ҳеҷ гоҳ ба хотири ӯ шуда аз баҳри падару модару хешу таборатон ва оламу одам намегузаред…

Аз худ шоҳзода натарошед

Барои ҳар рӯз маҳбубаатонро ба тарабхона бурдану барояш туҳфаҳои қимат харидан ва зери қадамҳояшро гулборон кардан имкон надошта бошед, беҳтараш дар вохӯрии аввалин аз худ бойбача натарошед. Тавре пул сарф кунед, ки дар вохӯриҳои минбаъда низ ҳамон миқдори маблағро ёфта тавонед. Бо кисаи холӣ худро бойбача нишон дода, шумо дар оянда барои худ дарди сар мехаред. Вақте ки аз ҷӯраҳоятон қарз гирифта, духтари дӯстдоштаатонро ба тарабхонаи зебою бошукуҳ мебаред ва барояш гулдастаи калонтаринро мехаред, шумо ба шоҳзодаи орзуҳои ӯ табдил меёбед. Духтар гумон мекунад, ки вохӯриҳои минбаъда низ чунин афсонавӣ мегузаранд. Ба мулоқоти навбатӣ бе гулу бе туҳфа биёед, дили духтар аз шумо хунук мешавад.

Ба духтар дастдарозӣ накунед

Ҷавонони имрӯза як одати бад доранд, баъди чанд соати шиносоӣ бо вуҷуди розӣ набудани духтар ӯро ба оғӯш гирифта, дасташро доштан мехоҳанд. Онҳо гумон доранд, ки бо навозишу меҳрубонӣ ба зудӣ дар дили духтар маъво мегиранд, вале ин ғалати маҳз аст. Ягон духтари боақл ба ҷавоне, ки дар мулоқоти аввалин кана барин ба ӯ мечаспад, бовар намекунад. Хирагии мард дар вохӯриҳои аввалин ғазаби ҷинси латифро меорад ва ба зудӣ муносибаташонро аз ин «кана» мекананд. Намехоҳед, ки мулоқоти аввалинатон охирин гардад? Пас, ба духтаре, ки ҳанӯз шуморо чандон хуб намешиносад, дастдарозӣ накунед!

Шӯхӣ кунед, вале…

Духтарон ҷавонони шӯхтабъро дӯст медоранд, вале бонуи дӯстдоштаатонро хандонданӣ шуда, аз худ масхарабози сирк насозед. Мақсади шумо бояд танҳо ҷалб намудани диққати зебосанам бошад. Барои ин лабу лунҷи худро каҷ кардан шарт нест, метавонед лаҳзаҳои нишотовари зиндагиатонро нақл кунед ё дар бораи чизҳои аҷибе, ки ҳангоми сафарҳои хориҷиатон дидаед, гап занед. Фаромӯш накунед, умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Дар чашми духтар худро марди ҷаҳонгашта нишон доданӣ шуда, дар бораи шаҳрҳое, ки дар умратон надидаед, гапҳои дурӯғ назанед. Духтарҳои муосир аз дунё бохабар ҳастанд ва дурӯғи шуморо ба зудӣ пай мебаранд.

Худро паст назанед

Ба ягон духтар писанд намеояд, ки дар пеши чашмаш касеро паст зананд. Шӯхиҳои бемаънӣ ва пастзании дигарон дар назди зан қадру қимати худи шуморо паст месозад. Эҳтироми дигаронро ба ҷо оварда, кӯшиш намоед, ки эҳтироми худатон низ побарҷо монад. Ягон марди банангу баномус намемонад, ки атрофиён нисбаташ масхараву истеҳзоро раво бинанд. Мабодо духтари дӯстдоштаатон одати масхара кардани бачаҳоро дошта бошад, ба ӯ фаҳмонед, ки ин амал ба шумо хуш намеояд.

Тозаву озода бошед

Вақте ҷавон бӯйи сатили партов мекунад, беҳтараш ба ягон духтар наздик нашавад. Вақте ҷавонмард дар тан либоси чиркини солҳо дарзмолро надида ва мӯйи ҷулидаю пойафзоли пур аз лой дорад, ягон бартарии дигараш ӯро дар чашми ҷинси латиф дилкаш нишон дода наметавонад. Ақлаш аз Афлотун бештар бошад ҳам, ягон духтар намехоҳад риштаи тақдирашро бо чунин марди ифлосак пайвандад. Ҷинси латиф пеш аз ҳама ба тозагӣ эътибор медиҳанд. Мард хушрӯй ва сарватманд набошад ҳам, бахташро меёбад, агар ҳамеша тозаю озода гардад ва одати дилозорӣ надошта бошад. Кӯшиш кунед, ки аз баданатон бӯйи арақ наояд.

Ба даҳонатон нигоҳ кунед

Духтареро, ки навакак шинос шудаед «ҷонакам, асал, ҷигар» нагӯед ва ҳеҷ гоҳ баъди ду рӯзи шиносоӣ пешниҳоди хонадоршавӣ накунед. Духтари боақл дарҳол пай мебарад, ки шумо як марди занбоз ҳастед ва мехоҳед бо ҳамин роҳ ӯро ба доми худ андозед. Вақте мард ба осонӣ чунин гапҳоро ба забон меорад, рафтораш ба назар бисёр хандаовар менамоянд, чунки мард, агар воқеан ошиқ бошад, изҳори муҳаббат намудан дар назараш мисли фатҳи қуллаи куҳ душвор метобад.

Шиква накунед

Намояндагони ҷинси латиф мардони қавииродаю рустамбозуро дӯст медоранд. Гумон накунед, ки бо бечоранолӣ раҳми занро бедор карда, шумо ба зудӣ дар дилаш маъво мегиред. Марди бетолее, ки мудом аз ноадолатию номардиҳои зиндагӣ менолад, танҳо ғаши занро меорад. Дили духтаро ёфтан хоҳед, бо сухану рафторатон нишон диҳед, ки шумо марди дар зиндагӣ муваффақе ҳастед, ки ҳаёти аҷиби хушу гуворо ва пурнишоте дорад. Он гоҳ албатта хушбахт мешавед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД