goodwell
10 муъҷизаи чойи кабуд
08.08.2026
Oila.tj
67

Аксари одамон кӯшиш мекунанд дар фасли тобистон бо нӯшидани обҳои газнок тафти баданашонро бароранд, вале баръакс бештар ташна мемонанд, бар замми ин, чунин нӯшокиҳо ба саломатии инсон зарар доранд. Беҳтараш ба ҷойи ҳар хел нӯшокиҳои энергетикӣ ва обҳои рангаи газнок чойи кабуд бинӯшед, чунки он ташнагиро ба зудӣ  мешиканад ва фоидаҳои зиёде дорад.

1. Дар таркиби чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ моддаҳои фаъоли биологӣ зиёд буда, хосияти зиддимикробӣ ва зиддиомосӣ дорад;

2. Чойи кабуд капиллярҳо – рагҳои мӯякиро қавӣ гардонида, ҷараёни хунофариро ба танзим медарорад;

3. Дар ҳавои гарм ягон нӯшокӣ наметавонад чойи кабудро иваз намояд, зеро он боиси рехтани арақ гашта, сӯрохчаҳои пӯстро пок месозад ва ба мубодилаи оксиген ва об ёрӣ мерасонад;

4. Нӯшидани чойи кабуд сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад;

5. Чойи кабуд барои шахсоне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, давост;

6. Исбот шудааст, ки нӯшидани чойи кабуд зимни бемории исҳоли хунин муфид мебошад;

7. Чойи кабуд намак ва регро резонда, пайдошавии сангро дар масона пешгирӣ менамояд;

8. Олимони соҳаи тиб мегӯянд, чойи кабуд бемориҳои гурда ва ҷигарро пешгирӣ мекунад.

9. Чойи кабуд ҳатто аз витамини Е 10 баробар бештар таъсир дошта, раванди пиршавии ҷисмро боз медорад ва касро ҷавон месозад. Донишмандони Ҷопон муддати се сол дар байни одамони аз 65-сола боло пурсиш гузарониданд. Баъди омӯзишу таҳлили далелҳо муайян гашт, ки одамони мунтазам чойи кабуд менӯшида нисбат ба дигар ҳамсолонашон фаъолу серҳаракатанд.

10. Чойи кабуд хосияти зиддисаратонӣ дорад. Ин як далели собитшуда аст. Дар Пажӯҳишгоҳи бемориҳои саратони Хитой олимон хусусиятҳои зиддисаратонии 108 гиёҳро таҳқиқ намуда, ба натиҷае расиданд, ки таъсири чойи кабуд аз дигар гиёҳҳо чандин маротиба бештар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД